Бӯта

Бӯта (порсӣ: ﺒﻮﺘﻪ ) мулда — зарфи хурмашакл ё устувонашакли аз масолеҳи оташбардор ва дергудоз – гилбӯтаи сахтшуда, бӯтахишт сохташуда, ки дар он мис, нуқра, тило, пӯлод ва баъзе дигар филиззотро мегудохтанд. Бӯтарезӣ дар асри биринҷӣ дар мамлакатҳои Шарқ пайдо шуд. Дар Бухорои асрҳои 18–19 пеш аз зарби танга тило ва нуқраро дар Б. аз ғашҳо тоза мекарданд. Дар Аврупо ин усул ҳангоми пӯлодгудозӣ (миёнаҳои асри 18) ба вуҷуд омад ва то ибтидои асри 20 истифода шуд. Бӯта баъд аз ихтирои усулҳои барқии филизгудозӣ қариб барҳам хӯрд.

Истилоҳи «бӯта» дар ашъори шоирони форс-тоҷик, мас., Ҳофизи Шерозӣ, ба маънои гудохта шудани зар дар Бӯта омадааст:

Ҳофиз чу зар ба бӯта дарафтоду тоб ёфт,
Ошиқ набошад он, ки чу зар ӯ ба тоб нест.

Ҳоло дар филизкорӣ, коркарди филиззот (гудозиш, рехтагарӣ, бозпухт, саноати кимиё) ва озмоишгоҳҳои кимиёӣ ба сифати Бӯта косача ва дигар зарфҳоро истифода мебаранд.

Адабиёт

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. Д., 1969;
  • Справочник химика. Ленинград, 1971;
  • Мезенин Н. А. Занимательно о железе. М., 1972;
  • В. Н. Иванов. Словарь-справочник по литейному производству. М., 1990;
  • Азимов А. Ближний Восток. История десяти тысячелетий. М., 2004. .

Нигаред

Сарчашма

Волтасанҷ

Волтасанҷ, волтаметр — асбоб барои чен кардани миқдори электр аз рӯйи таъсири кимиёии ҷараён.

Волтасанҷ бӯтаи (тигел)-и платинагии бо маҳлули обии 20-40%-аи нитрати нуқра пуркардашудаест (1 — катод), ки ба он мила ё қурси нуқраи холис (2 — анод) ғӯтонида шудааст. Ҳангоми аз волтасанҷ гузаштани ҷараёни электрӣ нуқра дар сатҳи дохилии бӯта (3 — истакони ҷудокунанда барои зарраҳои ба таври механикӣ ҷудошудаи нуқра ва ғашҳои тасодуфии дигар) таҳшин мешавад. Миқдори ҷараёни электриро (q) аз рӯйи фарқи байни вазни бӯта то таҷриба g1 ва баъди таҷриба g2 ҳисоб мекунанд: q = g1-g2/m (m — муодил ё эквиваленти электрокимиёӣ). Волтасанҷ дар амалия хеле кам истифода шуда, ҷойи онро қариб тамоман ҳисобкунаки ампер-соат гирифтааст. Вақти гузаштани ҷараёни электриро тавассути волтасанҷ ҳисоб карда, миқдори миёнаи онро муайян намудан мумкин аст.

Заргарӣ

Заргарӣ (порсӣ: زرگری ) – яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалиии тоҷикон ба шумор меравад.

Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд.

Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.

Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд. Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дукону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар Бухоро дар гузари Токи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О.А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.

Дар заргарӣ амалҳои рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, заробӣ, сайқалдиҳӣ, ҳаллоҷӣ (тунуккунӣ), ҳалдавонӣ ва ғайра истифода мешаванд. Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани нуқраю тиллоро дар Бухоро «гаҳбандӣ» меномиданд. Фулузи интихобшударо бо болға дар болои сандон то ба ҳамвор шуданаш мекӯфтанд. Ҳар як усто барои нақшу нигор ва ороиш дар фулузи ҳамворшуда қолибҳои гуногун доштанд, ки ба воситаи онҳо нақшҳои барҷаста мегузоштанд. Омехтаи дигар фулузот бо тилло натиҷаи хуб намедод ва он зудшикан шуда, барои нақшгузорӣ мувофиқ набуд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тиллову нуқра ба ҳисоб мерафт, ки онро «тиллои ҷурғотӣ» меномиданд. Хӯлаи «тиллои ҷурғотӣ» аз 4/5 ҳисса нуқра ва 1/5 тиллои тоза таҳия мешуд, ки ранги он зарди паст буда, тобишҳои ҳар ду металлро дар бар мегирифт. Дар кори заргарон омехтаи нуқра бо мис низ истифода мешуд, ки тақрибан дар охирҳои асри ХIХ дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омада буд.

Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рузгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра;

аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо;

аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд.

Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд.

Барои ангуштарин сохтан хӯлаи тиллоро ба қолибҳои тавонак, ба монанди кори рехтагарҳо, гудохта мерехтанд. Сипас бо навъҳои сӯҳон онро соида, ҳамвор менамуданд ва ба он нигини сурх ё ягон санги гаронбаҳоро насб мекарданд.

Муҳра

Муҳра (порсӣ: موهره ) - яке аз зебу зиннати ороишии занон.

Муҳраро дар Бухоро гаварса ва ё зағирак меномиданд. Барои сохтани муҳраҳо тиллову нуқраи дорои иёри баланд истифода мешуд. Муҳраҳоро дар кириё ба воситаи симкашӣ сӯрох мекарданд ва пасон дар ороиши гӯшвору зеби гардан ба кор мерафт. Барои истеҳсоли муҳраи навъи аъло ҳар кадом муҳраро дар алоҳидагӣ месохтанд. Дар пораи ангишти аз чӯби дарахт тайёршуда, чуқурчае кофта, ба он сим мегузоштанд ва ангиштро ба рӯйи лахчаи оташ ниҳода, бо даҳандам – лӯлачаи махсуси мисӣ онро пуф карда, ҳаво медоданд, то ки оташи он аланга гирад. Вақте ки сим об мешуд, бо анбӯр ангиштро гирифта, ба зарфи обаш хунук меандохтанд. Дар як лаҳза қатраи хӯла сард ва сахт шуда, ба муҳра табдил меёфт.

Барои истеҳсоли миқдори зиёди муҳраҳо сими хӯларо дар зарфи ба оташ тобовар (маъмулан дар бӯта) об карда, сипас ба оби хунук қатра-қатра мечакониданд. Қатраҳо шаклҳои муҳраҳои гирдачаи нуқрагӣ ё тиллоиро мегирифтанд.

Рехтагарӣ

Рехтагарӣ (порсӣ: ریختهگری ) – яке аз касбҳои қадимтарини тоҷикон буд.

Хӯлаи Фулузи биринҷӣ аз омехтаи мис ва қалъагӣ иборат буда, яке аз кашфиётҳои қадимтарини инсоният ба шумор меравад. Дар Осиёи Марказӣ низ он таърихи чандҳазорсола дорад. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан устоҳои биринҷрезро «рехтагар» меномиданд. Фулузи биринҷиро рехтагарҳо дар корхонаҳои рехтагарӣ ба ҳисоби ба 5 мисқол қалъагӣ 7,5 мисқол миси сурх тайёр мекарданд. Ба ҳисоби дигар ба 1/3 қалъагӣ 2/3 мис ҳамроҳ карда мешуд. Биринҷиро дар зарфҳои бӯта, ки аз гили ба оташ тобовар сохта мешуд, мегудохтанд. Дар бӯтаҳои андозаашон маъмулӣ то 4 кг маҳлули фулуз ҷой мегирифтанд. Бӯтаҳоро худи устоҳои рехтагар месохтанд. Бӯта танҳо як маротиба истифода мешуд. Он то вақте ки дар болои оташ бошад, мустаҳкам меистод. Аммо вақте ки аз болои оташ онро гирифтанд ва сард шуд, зудшикан шуда, пора-пора мегардад. Бӯтаро бо пораҳои мису қалъагӣ ва порачае биринҷ пур карда, ба даруни кӯра, дар болои ангишт мегузоштанд. Кӯра оташдоне буд, ки баландиаш 75 см ва қутраш 40 см буд. Агиштро аз чӯби дарахтон тайёр мекарданд. Аз ҳама ангишти босифат аз решаи саксавул таҳия мешуд. Барои хӯларезӣ ду навъ қолиб ба кор мерафт. Қолибро аз чӯб ё аз гач ба сурати ашёи рехташаванда месохтанд. Қолиби дигар «тавонак» ном дошт, ки аз биринҷ рехта мешуд. Ҳангоми рехтани хӯла ҳар ду тарафи тавонак бо реги ширешдор (ба 10 кг рег 0,5 кг ширеш) пур карда мешуд. Чун рег сахт мешуд, дар щар ду парраи тавонак онро бо искана ва дигар асбобҳо кофта, қолиби лозимиро метарошиданд. Сипас тавонакҳо ба ҳам баста мешуд ва аз «даҳан» – сӯрохии махсуси тавонак хӯлаи биринҷро мерехтанд. Баъд аз сард гаштани ашёи биринҷӣ онҳоро бо сӯҳон соида, пардоз медоданд.

Ҷараёни рехтагарӣ тартиби муайян дошт: панҷ рӯз тайёрӣ медиданд ва ду рӯз корҳои рехтагарӣ анҷом меёфт. С. Айнӣ ёддоштҳояшро дар бораи корхонаи рехтагрии Бухоро нақл чунин кардааст: «Дар корхонаи шайх даҳ кӯра ва даҳ сандон буд, ки дар онҳо тахминан чил нафар одам кор мекард: баъзе аз онҳо дампахшкун, баъзеашон гудозгар, қолабгир, сӯҳонгар, бӯтасоз ва монанди инҳо шуда кор мекарданд. Моли хоми дар ин корхона сарфшуданӣ: мис, биринҷӣ, руҳ, қалъагӣ ва сурб барин фулузот (металлҳо) буд. Ангишташ - ангишти қандум буд, ки ангиштгарон аз чӯби дарахтони мевадор тайёр карда оварда медоданд. Қолибҳои чизҳои рехта-шуданиро аз реги сиёҳ месохтанд. Бӯтаҳо ба шакли қадаҳи хурду калон сохта мешуданд, ки фулузотро ба қадри даркорӣ ва мувофиқи талаби чизҳои рехта-шуданӣ майда карда, ба ҳам омехта, дар бӯта андохта, ба кӯра ниҳода мегудохтанд ва он фулузоти омехтаи гудохташударо ба қолибҳои чизҳои сохташуданӣ мерехтанд. Ин фулузоти омехта баъд аз гудохта шудан номи ҳар кадоми аҷзои таркибии худро гум карда, як номи нав мегирифт, ки вайро «хӯла» мегуфтанд».

Маҳсулоти корхонаи рехтагарӣ гуногун буд. Рехтагарон аз хӯлаи биринҷ - манқал, офтоба, кӯза, чойҷӯш, лаълӣ, миқрози шамъ, давот, зангӯлаи шутур, узангуи асп, ҳалқаву қуббаҳои дарвоза, зангӯлаи дастбандӣ барои раққосон ва монанди инҳоро месохтанд.

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.