Бундаҳишн

Бундаҳишн («Бундаҳиш», ба маънии «Бунёди офариниш») — номи яке аз муҳимтарин матнҳои бозмонда аз адабиёти порсии миёна паҳлавӣ дар заминаи асотиру дину донишу фарҳанги эрониён аст.

Таърих

Ин китоб, ки нависандаи он шинохта нест, 46 бахш дорад. Аз «Бундаҳишн», – ки метавон онро фарҳангномае (донишнома)и кӯчак шумурд – ду дастнавис бозмондааст, ки якеро «Бундаҳишни ҳиндӣ» (ё кӯчак) ва дигареро «Бундаҳишни бузург» (ё эронӣ) мехонанд ва дастнависи эронӣ комилтар аст. Ин китобро «Зандокосиҳ» (Зандогоҳӣ) низ хондаанд ва доктор Вест таърихи нигориши онро 881 б.м. ва Дармстетер 862 б. м. медонад.

Тарҷумаҳои «Бундаҳишн»

Аз миёни тарҷумаҳои «Бундаҳишн» метавон ба тарҷумаи англисии Вест дар маҷмӯаи «Китобҳои муқаддаси Ховарзамин» (SBE) ва тарҷумаи Анклесариа (Бамбай, 1956) ишора кард. Тарҷумаи форсии китобро низ доктор Меҳрдоди Баҳор дар дасти иќдом орад, ки бахшҳое аз он дар китоби «Пажуҳише дар асотири Эрон» (пораи нахуст, Теҳрон, 1362) мунташир шудааст ва интишори ҷудогонаву комили онро чашм ба роҳем. Оқои Баҳор «Вожаномаи Бундаҳишн»-ро пеш аз ин дар як ҷилд мунташир кардааст.

Манбаъ

Аспрез (ченак)

АСПРЀЗ, аспрес, аспарсо, ченаки қадимаи дарозӣ, маъмулан масофаи майдони аспдавонӣ. Ин навъи ченак аз замонҳои қадим дар миёни ақвоми ориёӣ хеле маъмул буд, ҳатто дар «Вандидод»-и Авесто аз он ёд шудааст. Дар матнҳои паҳлавӣ Аспрез баробари 2 хоср (хотра), яъне ба маънои 2 фарсанг омадааст. Дар «Бундаҳишн» андозаи хоср баробари 1 ё 1/4 фарсанг аст. Истилоҳи аспрез дар забони арманӣ чун «оспорез» омада, ғайри маънои «майдони аспдавонӣ», инчунин ченаки дарозӣ ҳам мебошад.

Ахтаршиносӣ

Ахтаршиносӣ, ситорашиносӣ ё Астроно́мия (аз юн. ἀστρο «ситора» ва νόμος «қонун») — илми пажӯҳандаи сохт ва инкишофи ҷирмҳои кайҳонӣ, манзумаҳои онҳо ва Коиноти том. Асоситарин қисмҳои астрономия инҳоянд: астрометрия (ба астрометрия инчунин астрономияи куравӣ (ки усулҳои риёзии муайян кардани мавқеи ҷирмҳои кайҳонӣ ва ҳаракати онҳоро дар бар мегирад) ва астрономияи амалӣ (ки назарияи асбобҳои зовиясанҷӣ ва истифодаи онҳоро барои муайян кардани вақт, арзу тӯли ҷуғрофӣ ва азимутҳо меомӯзад ва вазифааш аз системаҳои координатҳои шастӣ (инерсиалӣ) барои санҷишҳои ахтаршиносӣ муайян кардани мавқеъ ва ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ, омӯзиши қонунҳои гардиши Замин ва ҳисоби вақт, муайян кардани қимати собитҳои нуҷумӣ иборат аст), механикаи осмон ё худ астрономияи назарӣ (ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла ҳаракати ҷисмҳои кайҳонии маснӯъро (астродинамика) таҳқиқ мекунад; астрофизика (сохти дохилӣ, таркиби кимиёӣ ва хосиятҳои физикии ҷисмҳои осмонӣ, атмосфераи Офтоб, ситораҳову сайёраҳо, манбаъҳои энер­гияи шуоъ, материяи диффузӣ ва ғайраро меомӯзад), радиоастрономия ба омӯзиши радиотобишҳои ҷисмҳои осмонӣ ва моддаи байниситоравӣ, усулҳои радиопармосишии пажӯҳиши зузанабҳо ва сайёраҳо машғул аст), астрономияи ситораҳо (Манзумаи ситораҳои Галактикаи моро таҳқиқ мекунад), космогония пайдоишу инкишофи ҷисмҳои алоҳидаи осмонӣ ва манзумаҳои онҳо, аз ҷумла Манзумаи Офтобро муоина мекунад) ва космология (қонуният ва сохти Коиноти томро меомӯзад).

Донишнома

Донишнома (форсӣ: دانشنامه‎), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (Энсиклопедияи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (Энсиклопедияи соҳавӣ) дониш медиҳад.

Кайқубод

Кайкубод (Хатти ниёгон: كیكباد) шоҳ, асосгузори сулолаи Каёниён.

Дар ёдгориҳои адабиву динӣ, маъхазҳои таърихӣ ва

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оид ба Кайкубод ривояту қиссаҳои

мухталифи афсонавӣ ва таърихӣ боқӣ мондаанд.

Дар Авесто номи Кайкубод ду бор (дар «Фарвардиняшт»

ва «Зомиёд-яшт») вомехӯрад.

Дар осори забони

паҳлавӣ Кайкубод ҳамчун саромади хонадони Каёниён,

подшоҳи накӯкор ва ҳушманде тасвир шудааст.

Ҳамзаи Исфаҳонӣ хабар медиҳад, ки Кайкубод дар соҳили

Аму ш. Қубодиёнро барпо кард. Дар соҳили Аму

ҳоло ҳам маҳалле бо номи Қубодиён мавҷуд аст.

Мувофиқи «Шоҳнома» Кайкубод аз авлоди Фаридун буда,

дар кӯҳи Албурз бо гурӯҳе зиндагӣ мекард. Рустам

бо фармоиши Зол ӯро ба Истахр овард ва ба тахти

шоҳӣ шинонд. Кайкубод баъди ба тахт нишастан ба муқобили

Афросиёб ҷанг сар кард. Дар асарҳои забони паҳлавӣ,

аз ҷумла, дар «Бундаҳишн» ривоятҳои гуногуне дар

бораи Кайкубод, писарону наберагони ӯ ба назар мерасанд.

Ба ривояте Фаронак ном духтаре аз хонаи падар

гурехта, зани Кайкубод гардидааст. Аз ин никоҳ писар ба дунё

омад. Муҳаққиқон (М. М. Дьяконов, А. Кристенсен)

ақидае доранд, ки мувофиқи он ривояту қиссаҳо дар

бораи К. дар асоси воқеаҳои реалии таърихӣ (асрҳои

9-7 то м.) дар Бохтар ба вуқӯъ омадаанд. Аз ин ҷиҳат,

эҳтимол, саргузаштҳои Кайкубод низ ифодаи воқеаҳои

таърихӣ бошанд.

Каюмарс

Каюмарс (Хатти ниёгон: کیومرث) шоҳи асотирии халкҳои эронӣ аз сулолаи Пешдодиён ва яке аз қаҳрамонҳои Шохнома-и Фирдавсӣ. Каюмарс аз ду калимаи авестои gaya (гайа) - <<зиндаги, хаёт>> ва martya (мартйа) - <<фонӣ>>, <<миранда>> таркиб ёфта, маънои <<зиндагии даргузар>>, <<хаёти фонӣ>> - ро дорад.

Баъзе муҳаққиқон Каюмарсро «Говмард» (аз ав. gaya – гов ва martya –

мард) ҳам маънидод мекунанд. Ҳар ду тафсир бар ривоятҳо асос ёфтаанд. Инчунин чун номҳои - Ҷаюмарс, Гаршоҳ («подшоҳи кӯҳ»), Гилшоҳ («подшоҳи аз гил

пайдошуда») вомехуранд, ки ҳамун Каюмарс аст.

Мувофиқи ривоятҳои авестоӣ Аҳуромаздо Каюмарсро ҳамчун аввалин инсон

дар рӯйи замин офарид, вале ӯро Аҳриман миранда

гардонидааст. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ

муҷассамаи гове бо сари одамӣ ёфт шудааст, ки аз

мавҷудияти тасаввуроти говмард дар давраҳои қадим

башорат медиҳад. Ривояту қисса ва достонҳо дар

бораи Каюмарс дар давраҳои қадим дар байни мардуми

эронӣ паҳн шуда буданд, ки аввал ба “Авесто”, сипас

ба осори адабиёти паҳлавӣ, таърихҳои исломӣ ва

ниҳоят, ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гузаштанд. Дар

“Авесто” («Ясно» ва «Яштҳо») Каюмарс ҳамчун аввалин

инсони офаридаи Аҳуромаздо, чун шахси поку

накӯкор тасвир шудааст. Дар тарҷумаҳои паҳлавии

“Авесто” (Занди Авесто) ва дигар осори паҳлавӣ (махсусан

«Бундаҳишн», «Динкард») ривоятҳо дар бораи Каюмарс ба асотири мазҳабии эронӣ дар бораи пайдоиши инсон

сахт алоқаманд аст. Мувофиқи маълумоти китобҳои

8-ум ва 9-уми «Динкард» Каюмарс аввалин инсони офаридаи

Аҳуромаздо ва аз фармонравоёни ӯ будааст. Қувваҳои

бадӣ бо сардории Аҳриман ба муқобили Каюмарс бархоста,

ӯро куштанд. Аз тухмаи Каюмарс баъдтар ду рустание мисли

ревоҷ сабзида, сипас шакли инсонӣ гирифта, ба номҳои

Машйо ва Машйонак маъруф шудаанд. Ин ривоят

ба асотири Одаму Ҳаво монандӣ дорад. Мувофиқи

ҳамин ривоят Аҳуромаздо дар баробари Каюмарс говеро

низ офарида будааст, ки қурбони фитнаҳои Аҳриман

гардидааст. Аз тухмаи он гов обу гиёҳ, маъданҳо ва

дигар лавозимоти барои инсон зарурӣ пайдо шудаанд.

Дар таърихҳои исломӣ (асарҳои Табарӣ, Балъамӣ,

Масъудӣ, Саолибӣ ва ғ.) айнан ҳамин ривояти паҳлавӣ

нақл шудааст. Номи Каюмарс бошад, дар шаклҳои Ҷаюмарс,

Гаршоҳ («подшоҳи кӯҳ»), Гилшоҳ («подшоҳи аз гил

пайдошуда») ва зодагони ӯ - Машйову Машйонак

дар шаклҳои Море ва Мориёна (Табарӣ), Маҳло ва

Маҳлёна (Берунӣ), Маҳло ва Маҳлиёна (Масъудӣ),

Мешӣ ва Мешиёна ва ғ. вомехӯранд. Ин гуна

ривоятҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ мавҷуданд.

Дар «Шоҳнома» Каюмарс аз шоҳони сулолаи Пешдодиён

буда, сӣ сол подшоҳӣ кардааст ва вориси тахти ӯ

писараш Сиёмак мебошад. Каюмарс дар «Шоҳнома» ҳамчун

«қаҳрамони маданӣ» ва омӯзандаи унсурҳои зиндагии

маданию маишӣ ба мардум тасвир шудааст. Образи Каюмарс

дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ низ вомехӯрад.

Каёниён

Каёниён (Хатти ниёгон: كیانیان) - каёния, унвони силсилаи шоҳоне, ки

мувофиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ баъди Пешдодиён

ҳукм рондаанд. Саромадашон Кайқубод. Каёниён исми ҷамъ

аз «кай». ки дар Авесто ба шакли «кавӣ» ба маънии

«шоҳ», «ҳоким» омадааст. Дар забони паҳлавӣ дар

шакли «ке» чун ифодаи «шоҳ» ва дар маъхазҳои ҳиндии

қадим дар шакли «кавӣ» ба маънии «пешвои динӣ»

низ дучор меояд.

Дар Авесто Кайқубод, Кайковус, Сиёвуш, Кайхусрав, Кай Гуштосп (Виштосп) номбар шудаанд. Кай Гуштосп ҳамчун ҳомии Зардушт

машҳур аст. Дар Готҳо «қавӣ» нисбат ба шоҳони ситамгар ва ноодил истифода гардидааст, ки душмани зардуштия будаанд. Дар бораи Каёниён дар осори забони

паҳлавӣ «Бундаҳишн» (фасли 31 «Дар нажод ва насаби каёниён»), «Динкард», «Минуи хирад» ва манъбаҳои баъди а-ҳои 6-7 низ маълумот ҳаст. Маълумоти «Шоҳнома» ҷамъбасти тамоми ривоёту гуфторҳо дар бораи Каёниён буда, аз маълумоти то таълифи он фарқи ҷузъӣ дорад. Фирдавсӣ Ҳумой, Дороб, Дороро ба қатори Каёниён дохил кардааст, ки онҳо аслан шоҳони ҳахоманишӣ мебошанд. Дар «Шоҳнома» Искандари Мақдунӣ низ ба қатори Каёниён дохил гардидааст, ки мувофиқи ривояте падараш гӯё эронӣ будааст ва аз ин рӯ, ӯ тавонист ба фарри каёнӣ соҳиб гардад ва дар Эрон ҳукмронӣ намояд.Ба ақидаи муҳаққиқон, аз ҷумла, М.М. Дьяконов,

А. Кристенсен Каёниён шоҳоне буданд, ки а-ҳои IX-VII то м. дар Бохтар дар давраи аз ҳам ҷудо шудани қабилаҳои ҳундуэронӣ ҳукм рондаанд. Ҳудуди давлати Каёниён қисмати шарқӣ, шарқу шимоли Эронро дарбар мегирифт ва Каёниён ба ҳахоманишиён муносибате надоранд. Гарчанде мавҷудияти таърихии Каёниёнро пурра исбот намудан мушкил аст, дар амалиёту фаъолияти баъзе аз Каёниён ҷанбаи таърихиро пайдо намудан имконпазир аст. Номи 9 шоҳи сулолаи Каёниён, ки дар Ориёно ҳукумронӣ намудаанд, аз саршмаҳои хаттӣ маълум аст. Охирин шоҳи Каёнӣ, ки дар Авесто номбар шудааст, Виштосп мебошад. Аммо муаллифони баъдина чор шоҳи Ҳахоманишиёнро низ ба ҳамин сулола дохил кардаанд.

Шоҳони сулолаи Каёниён:

Кайқубод,

Кайковус,

Кайхусрав,

Луҳрасп,

Гуштосп (Виштосп),

Баҳман (Ҳахоманиш),

Ҳамонӣ,

Дорои I,

Дорои II.

Муаззам Диловаров

Муаззам Диловаров (Диловаров Муаззам Аъзамович; тав. 11 июли 1946, деҳаи Шодаки ноҳияи Қалъаихум, ҶШС Тоҷикистон) — филолог, муаллим ва муҳаррири тоҷик.

Оташпарастӣ

Оташпарастӣ дини бостонии аҷдоди, ки заминаи асосии онро парастиши оташ, саҷда ба он ташкил медод. Оташпарастӣ дар аҳди қадим, дар натиҷаи моҳияти махсус пайдо кардани оташ дар ҳаёти мардуми бостонӣ пайдо шудааст. Шаклҳои мухталифи Оташпарастӣ дар аҳди қадим дар Эрону Турон интишор ёфта буданд.

Дар тасаввури зардуштиён Хуршед манбаи ду хайри азим – гармо ва равшанист. Дар андешаҳои онҳо Хуршед (офтоб) дар сурати олиҳаи зебое дармеояд, ки соҳиби муъҷизот (нурафшонӣ, ҳайётбахшӣ) буд. Аз ин рӯ, офтоб лаҳзаи офариниш шуд ва минбаъд гармою равшанӣ бо роҳи нурафшонии доимӣ (афрӯхтани оташ) ҳосил гардид. Ба тахмине ҳамин тавр аз парастиши офтоб парастиши оташ ба вуҷуд омад. Дар дини зардуштӣ оташ аз маъмултарин рукни оин буд. Дар китоби "Авесто" оташро панҷ навъ мешуморад, ному мазмуни онҳо дар “Ясно” инчунин дар "Бундаҳишн” нақл шудааст. Ҳар як навъи оташ доираи муайяни истифода дорад. Масалан, берези саваҳ оташи маъбада аст ва дар рӯзгори муқаррарӣ ба кор меравад; воҳуфрийона оташест, ки дар ҷисми мардум ва ҷонварон аст; урвазншта оташест, ки дар наботот ниҳон аст; вазншта оташи абр (барқ) аст ва охирин спаништ аст, ки дар гарзамон дар ҳузури Аҳуро Маздо месӯзад. Оташи мушаххасро (мувофиқи Авесто Отар) писари Аҳуро Маздо (Ҳурмузд) мехонанд.

Дар зардуштия парастиши оташ бо таълимоти ахлоқӣ махлут гаштааст. Оташ (дар қатори хоку об) поктарин унсур аст, ки аз ин рӯ, вай рамзи ин оин шудааст. Дар зардуштия оташ манбаи зебоӣ ва асоси ҳаёт, душмани сукуту карахтист. Аз ин рӯ, ҳар муғ мисли оташ фаъол буда, то поёни умр бояд аз кору меҳнат даст барнадорад. Зардуштиён Оташпарастӣи худро қоил нестанд, зеро оташро рамзи Аҳура Маздо медонад. Бо вуҷуди он Оташпарастӣ дар байни омма таъсири амиқ дошт ва унсурҳои онро дар рӯзгор то имрӯз мушоҳида кардан мумкин аст. Дар атрофи гулхан давр задани арӯсу домод, баҳорон дар Наврӯз аз болои гулхан ҷаҳидан ва ғ. аз боқимондаи Оташпарастии зардуштианд. Парастиши оташдони хона низ бо Оташпарастӣ вобаста аст. Парастиши оташ инчунин дар нигоҳ доштани оташи “ҷовид” зоҳир гардид ва баъд аз он ки тавассути соиш оташ афрӯхтанро ёд гирифтанд, парастиши он авҷ гирифт. — (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., т. 20, с 430).

Дар масеҳият эътиқод ба моҳияти фавқуттабии Оташ дар афрӯхтани шамъ ва чароғи махсус (лампада) дар назди уқнум зоҳир , мегардад. Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегўяд. Дар баробари ин чи гуна бо рўзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан менамояд. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки Оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рўи замин аст

Пешдодиён

Пешдодиён (Хатти ниёгон: پیشدادیان) - (аз калимаи мураккаби авестоии

paradhata - парадата - par - пеш ва dhata - дод, адл, қонун - нахустин қонунгузорон), сулолаи подшоҳони бостонии мардуми ориёӣ (Ориёзамин – Бохтар), ки дар ҳазораи IV-III то м. ҳукмронӣ кардаанд.

Сад дар (Китоб)

«Сад дар» - («Сад дари наср», «Сад дари Бундаҳишн»), номи ду рисолаи

динии зартуштиён аст ба забони форсӣ, ки бо кӯшиши Ҳирбад Баҳманҷӣ

Нушервонҷӣ Дҳабар дар соли 1909 б.м. дар Бамбай мунташир шуд. Мавзӯи ин ду рисола шарҳу баёни Шоист-нашоистҳо ё равову норавоҳои диниву ахлоқии маздопарастон аст, ки ҳар як дар сад дар (сад боб

ё фасл) тадвин шудааст.

Аз нависандагон ё гирдоварандагони ин рисолаҳо маълумот нест ва таърихи нигориши онҳо ба эҳтимол дар авохири садаи нуҳуми яздигурдӣ (364 то 896) будааст.

Рисолаҳои «Сад дари наср» ва «Сад дари Бундаҳишн» аз ҷумлаи навиштаҳои динии зартуштиён аст, ки «Ривоёт» хонда мешавад ва мавзӯи онҳо посухҳои мубадони эронист ба пурсишҳои динии мубадони ҳамкеши худ дар Ҳиндустон ва ба ду раста – «Ривоёти куҳан» ва «Ривоёти нав» ё

«Ривоёти бузург» бахш мешавад.

Сиёвуш

Сиёвуш Кайсиёвуш - яке аз қаҳрамонҳои асотир, қиссаву ривоятҳои мардуми эронинажод, подшоҳ аз сулолаи Каёниён. Номи Сиёвуш дар «Яштҳо»-и Авесто ба шакли «Сйаваршан» вомехӯрад, ки маънояш «доранда, савораи аспи сиёҳ» мебошад.

Сиёвуш,тибки маълумоти сарчашмаҳои таърихи ҳанӯз 4 ҳазор сол пеш мардуми эронинажод Сиёвушро ҳамчун худованди наботот эътироф карда, ба парастиши ӯ мепардохтанд. Аввалин маълумот оид ба Сиёвуш дар Яштҳо оварда шуда, шоҳи каёни буданаш таъкид мегардад. Сарчашмаҳои баъдинаи фарҳангии то замони Фирдавси ба хулку хӯй ва сурату сирати Сиёвуш иловаҳо намуда, симои ӯро хотирнишину барҷаста намуданд.

Дар дар «Яштҳо»-и Авесто инчунин ёдрас шудааст, ки Сиёвуш ҳафтумин шоҳ аз

сулолаи Каёниён аст. Паҳлавони далеру зебо, бегуноҳ

аст, ки қурбони фитнаву дасисаҳо гардида, ба дасти

Афросиёб – шоҳи Турон кушта мешавад. Дар осори

адабиёти ба забони паҳлавӣ- форсии миёна эҷодшуда,

аз қабили «Худойнома», «Занди Воҳуман-ясн»,

«Ёдгори Ҷомосп», «Бундаҳишн», «Минуи хирад» ва ғ.

номи Сиёвуш ба шакли «Сиёвахш» ва қиссаҳову ривоятҳо

дар бораи ӯ омадааст. Ҳамин асотир, қиссаву ривоятҳо

баъдан ба таърихномаҳою осори бадеӣ ба забони

арабӣ ва порсии дарӣ – «Китоб –ул-ахбор-ут-тивол»-и

Диноварӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб»-и Масъудӣ, «Тарҷумаи

Таърихи Табарӣ»-и Абӯалии Балъамӣ, «Шоҳнома»-и

Фирдавсӣ, «Ғурар мулук-ул-фурус»-и Саолибӣ ва ғ.

бо таҳриру такмили бештар омадаанд. Умуман, Сиёвуш аз

қаҳрамони асотирӣ, эзиди наботот, табиати миранда

ва эҳёшаванда, ки дар оғози кор дар устураҳо буд, ба

дараҷаи паҳлавони беҳамтову барҷаста, шоҳи одилу

инсондӯст, ободкунандаи шаҳрҳову қалъаҳо (Гангдиж,

Сиёвушгард ва ғ.) таҳаввул кардааст. Ниҳоят, устураи

Сиёвуш дар сурати достони муфассалу муназзам ва

баландғояи бадеӣ ба василаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

комилан шакл гирифт. Модари Сиёвуш туронидухтаре

аз авлоди Фаридун буд, ки бо ӯ паҳлавонони

эронӣ – Тӯс ва Гев дар бешаи марзи Эрону Турон

вохӯрданд. Ин духтарро шоҳи Эрон ба занӣ гирифт.

Ситорашиносон ба Сиёвуш толеи бад пешгӯйӣ карданд ва

ин пешгӯйии онҳо рост буд. Сиёвуш яке аз ҷавонмардони

бетолеи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Вайро аз замони

кӯдакиаш Рустам – паҳлавони маъруфи мардуми

эронинажод тарбия кард. Дар синни камолот ба

даргоҳи падар баргашт, вале дар ин ҷо ӯро ишқи

номатлуб- муҳаббати зани падараш – Судоба сарсону

саргардон намуд. Сиёвуш ишқи Судобаро қабул накард.

Судоба ӯро дар назди шоҳ туҳмат намуд. Барои нишон

додани покӣ ва бегуноҳии худ Сиёвуш аз байни хирмани

оташ (озмоиш бо оташ) гузашт ва ба ӯ осеб нарасид.

Баъдан Сиёвуш дар ҷанг ба муқобили Афросиёб иштирок

кард, вале ӯ бо рою тадбир хост, ки ду лашкар бо ҳам

муоҳида намоянд ва сулҳу оштӣ барқарор гардад. Ин

кори Сиёвуш ба Кайковус писанд наомад ва Сиёвуш барқасди

падар Эронро тарк намуда, ба Турон рафт. Афросиёб

духтараш Фарангисро ба Сиёвуш ба занӣ дод ва гӯшае аз

кишварро ба ду ҷавон бахшид, ки шаҳре обод карда

зиндагиашонро пеш баранд. Неруҳои бадӣ дар симои

бародари Афросиёб – Гарсеваз пешрафту комёбиҳои

Сиёвушро дидан натавонистанд ва боз ӯро дар назди

Афросиёб сиёҳ карданд ва Сиёвуш ба қатл расонида шуд. Сиёвуш

қаҳрамони дӯстдоштаи халқ буд. Мувофиқи ривояти

таърихнависон дар а-ҳои 9-10 дар Бухоро рӯзи қатли

Сиёвушро ба ёд доштанд ва дар ин рӯз мардум барои С.

гиряву навҳа мекарданд. Суруди таърихии «Кини

Сиёвуш» ё «Гиристани муғон» вуҷуд доштааст, вале

он то замони мо нарасидааст. Дар деворнигораҳои

Панҷакенти бостонӣ низ бостоншиносон лавҳаеро

пайдо намуданд, ки дар он ҷавони зебои ба қатл расида

ва навҳагарони дар гирди ӯ ҷамъшуда тасвир ёфтаанд.

Донишмандон Сиёвуш будани ин ҷавонро бо далелҳои

раднашаванда исбот карданд. Рустам ба кинхоҳии

бархост; аввал Судобаро кушт ва баъдан Туронро

харобу валангор кард. Интиқоми падарро писари

Сиёвуш - Кайхусрав гирифт. Ба фармони вай подшоҳи

бадкирдор Афросиёб кушта гардид.

Фирдавсӣ тавассути фоҷиаи барҷастаи манзумаш,

ки дар адабиёти форс-тоҷик мавқеи баланде дорад, дар

симои Сиёвуш шахсияти идеалии сулҳҷӯ, шахси хирадманду

доноро офаридааст.

Тоҳириён

Тоҳириён (821 – 873) - сулолаи тоҷиктабори кишвари Хуросон аст, ки солҳои 821 - 873 дар вилояти Хуросон ҳукумрони кардааст.

Фарохкарт

Ворукаша, Фарохкард — номи дарёест, ки дар Авесто, «Бундаҳишн» ва дигар адабиёти ориёӣ зикр шудааст. Ин дарё дар Авесто ҳамчун дарёи бузург ва муқаддас ба шакли Ворукаша ва дар осори паҳлавӣ Фарохкарт — ба маънои «фарох бурида» зикр шудааст.

Дар «Бундаҳишн» омадааст: «Дарёи Фарохкард ба ноҳияти Нимрӯз, канори Албурз аст, ки як севвуми ин заминро (дар бар) дорад. Аз ин рӯ Фарохкард номида шуд, ки як ҳазор дарё дар ӯ дошта шудааст» («Бундаҳишн». Бахши 29). Дар тавзеҳоти «Авесто»-и Ҷалили Дӯстхоҳ омадааст, ки «Пури Довуд эҳтимол додааст, ки Ворукаша бо дарёи Хазар яке бошад. Аммо Меҳрдоди Баҳор дар баррасии ҷуғрофиёи асотирии Эрон ин баҳрро бо уқёнуси Ҳинд як мешуморад». Вай бештар ба пораи зерин такя кардааст, ки дар «Тиряшт» омадааст: «Он гоҳ меҳ аз он сӯйи Ҳинд, аз кӯҳе, ки дар миёни дарёи Фарохкард ҷой дорад, бархезад». Аз сабаби он ки дар он замон минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба мавқеи имрӯзааш аз с. б. тақр. 500—600 м пасттар воқеъ будааст, аксар вақт онро кӯлҳо ё баҳрҳои равон меномидаанд. Муаллифони китоби «История Таджикского народа» ҳамчунин баҳри Каспийро д. Ворукаша донистаанд. Агар навиштаҳои Авесторо дар хусуси ин баҳр ва кӯҳи Ҳаро Баразайт, ҳамчунин дигар ҳолатҳои тасвиршударо таҳлил кунем, Ворукаша ва ё Фарохкард ба баҳри Арал ва рӯди Ому, инчунин рӯди Сир айният мегирад. Дар адабиёти авестоӣ Фарохкард — Ворукаша, ки рӯди Панҷ қисмате аз он аст ва кӯҳи Албурз — қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо Нимрӯз дар ҳамҷаворӣ тасвир ёфтаанд, ки чунин тасвирот ба минтақаи мавриди таҳқиқ мувофиқ меояд. Тибқи навиштаҳои Авесто ва «Бундаҳишн» Ворукаша бо кӯлҳои Чайчаст (Қарокӯл), Фраздон (Рангкӯл), Киёнса — Ҳомун (Яшилкӯл — Суман) пайваст аст, ки воқеан чанде аз шохобҳои д.-и Панҷ аз ин кӯлҳо сарчашма мегиранд. Ҳоло бо сабаби камшавии обҳо пайвастшавии Рангкӯл бо сарчашмаи Панҷ аз байн рафтааст. Рӯди Ардвисура, ки яке аз шохобҳои рӯди Панҷ — Ванҷрӯд аст, аз кӯҳи Хукар (ба номи Исмоили Сомонӣ) ба рӯди Ворукаш (Панҷ — Омӯ) мерезад.

Франграсйан (Афросиёб)

Франграсйан (Афросиёб) - (дар Авесто Франграсйан ба маънии «ҳаросангез» ё «касе, ки ба ҳарос афканад»), дар паҳлавӣ Фрасйав ё Фрасйаб, номи шоҳи номдори Турон, писари Пашанг, паҳлавони аслии тамоми даргириҳо ва ҷангҳои тӯлонӣ миёни эрониёну турониён аз давраи Нузаршоҳ то рӯзгори шаҳриёрии Кайхусрав аст .

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.