Асри сангу мис

Асри сангу мис (энеолит) - давраи гузариш аз асри санг ба асри биринҷӣ. Дар Аврупо давраи энеолитро ба ҳазорсолаи 3 то м., дар Байнаннаҳрайн ва Миср ба ҳазорсолаи 4 то м. нисбат медиҳанд. Дар Осиёи Миёна, дар Туркманистони Ҷанубӣ ёдгорҳои энеолитӣ фаровонанд. Ошноии нахустини инсон бо филизз ба эҳтимоли қавӣ ҳанӯз дар охирҳои асри санг сурат гирифта буд. Ҷустуҷӯи мавод барои сохтани абзори кор ва силоҳ инсони даврони ибтидоиро бо анвои сангҳои филизздор дучор намуд. Аз ҷумла одамони қадим пораҳои маъдани миси холисро ҳам пайдо карда, аз он бидуни дар кӯра тафта кардан абзори кор ва анвои гуногуни силоҳи давраи ибтидоӣ месохтанд, ки дар таърих ин давра энеолит – Асри сангу мис номида шуд. Нахустин ашёи аз филизз сохташуда ҷойи ашёву абзори сангӣ, чӯбӣ ва устухониро гирифтанд, ки ин ҳодиса дар сарзамини Осиёи Миёна ба асри 5 то милод рост меояд. Ёдгориҳои Асри сангу мис дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Яке аз бозёфти машҳури бостоншиносон шаҳркадаи Саразм аст.[1]

034 small axe 10.) 2nd m. BC, 11.) late 3rd m.BC, 12.) dagger 2nd m. BC
034 small axe 10.) 2nd m. BC, 11.) late 3rd m.BC, 12.) dagger 2nd m. BC ашёи аз филизз сохташуда

Нигаред

Манобеъ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23
Асри биринҷӣ

Асри биринҷӣ, давраест дар таърихи инсоният, ки баъди давраи асри сангу мис меояд. Гудохтани мис (Асри сангу мис) тадриҷан барои кашфи филиззи нав, ки аз ҷиҳати хосияти худ нисбат ба миси холис хеле мустаҳкаму бадошт буд,

мусоидат намуд. Маснуоти биринҷӣ дар мамлакат ҳои Шарқи Наздик хеле пеш (ҳазорсолаи 4 то м.), дар Аврупо дертар (ҳазорсолаи 2 то м.) пайдо шуд.

Мувофиқи таҳқиқоти бостоншиносон на хустин дошҳо (кӯраҳо)-и мис гудозӣ ва ашёи аз мис ва хулаҳо сохташуда дар бо шишгоҳҳои неолити Анатолия (Чайонтепиз, Чаталгююк ва ғ.), ки ба ҳазораи 7–5 то м. мансубанд, ба даст омадаанд. Коргоҳҳои аз гудохтаҳо ба вуҷуд овардани би ринҷӣ ва аз он сохтани

ҳар навъи ашё дар Туркманистони Ҷанубӣ, Шим. Афғонистон, Ҷ. Ӯзбекистон, Ҷ. Тоҷи кис тон ва Ҳафтрӯд таҳқиқ шудаанд. Фаро расидани Асри биринҷӣ ба равнақи иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ такон бахшид: кишоварзӣ, чорводорӣ, косибӣ ривоҷ ёфта, му носибат ҳои падаршоҳию қавмӣ пурра пойдор гардиданд. Дар сарзамини Осиёи Марказӣ Асри биринҷӣ аз охири ҳазорсолаи 3 то м. сар шуда, тақрибан то кашф шудани оҳан давом кард. Ниг. низ Маданияти Тозабоғоб, Мадания ти Суярғон, Маданияти Замонбобо, Маданияти Анов ва Маданияти Сафолтеппа.

Асри биринҷӣ - бо дигаргун ва тараққиёти асрҳо олоти истеҳсолот беш аз пеш ташкил ёфта, техника тараққӣ намуд. Яке аз равияҳои ин тараққиёт ба пайдоиши фулузгудозӣ оварда расонид. Илм дар ихтиёри худ мадракҳои аниқ ва дақиқи ба вучуд омадани металлургияи ибтидоиро надорад. Аввалҳо одамон фулузоти худрӯйро як навъи махсуси санг пиндошта, бо ҳамон усуле, ки ба санги муқаррарӣ кор мефармуданд, сохту пардохт мекарданд. Одамон дар яке аз вақтҳо пай бурданд, ки баъзе навъҳои санг дигаргун буда, хосияти ёзандагӣ доранд. Дертар,вақте ки инсон аз даруни хокистари сард дар натиҷаи тасодуфан гудохта шудани маъдансанг як порча мисро пайдо намуд, фикри аз маъдан хориҷ кардани мис,яъне гудозиши маъдани мис ба вуҷуд омад. Таҷрибаи сафолпазии кулолон дар кори омӯхтани фулузгудози хеле кӯмак расонид. Ин қадамҳои аввали саноати фулузгудозии ибтидои бо машаққати зиёде гузошта шуда, чунон ки бостоншиносон муайян кардаанд, чандин ҳазор сол тӯл кашидааст.

Аммо олоти мисӣ, бинобар мулоим будани худ, он қадар самараи дилхоҳ дода натавонист. Вақте ки инсон ба мис қалъаги гоҳо сурб, сурма ва маргимуш ҳамрох карданро омӯхта, вазъият фавран тағйир ёфт, як навъи нави фулуз - биринҷӣ тавлид гардид, ки дар баробари як қатор бартариҳои технологӣ ба сабаби хеле сахт буданаш барои вусъат пайдо кардани таҳияи олоти фулузи имконият фароҳам овард. Вале дар айни замон асбобу аслиҳаи санги низ ҳамоно мавҷудияти худро нигоҳ медошт.

Аз ҳама муҳимтарин мис ва қалъаги, инчунин биринҷи аз ҳамбастагии онҳо ҳосилшуда ба шумор мерафтанд, Дар асри биринҷи олоту аслиҳаи лозимаро ба вуҷуд овард, лекин олоти сангиро аз байн бурда натавонистанд, ба ин кор фақат қудрати оҳан мерасид, аммо ҳосил кардани оҳанро ҳоло намедонистанд.

Дар Осиёи Миёна осори бисёр конҳои мис, ки дар асри биринҷӣ кашф гардида, мавриди истифодаи аҷдоди қадимаи мо қарор гирифта буданд, боқӣ мондаанд.

Аслан мис дар кӯҳистонҳои Осиёи Миёна, истихроҷ намуда, ҳамчун конҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳсори ёфта шуданд, аз ҳама қабил манбаҳои машҳури мис ба шумор меравад.

Баъзе маьданиҳое, ки дар гудозиши истифода мебурданд, зиёдтар гардид аввалҳо фулузгудозони ибтидои мисро фақат аз маьданҳои туршонидашуда гудохта ҳосил мекарданд.

Асри оҳан

Асри оҳан — давраест дар таърихи инсоният, ки ба он кашф гардидани маъдани оҳан ва тайёр кардани маснуоти оҳанӣ хос аст. Ҳамаи мамлакатҳо дар замонҳои гуногун Асри оҳанро аз сар гузаронидаанд. Нимаи якуми ҳазорсолаи аввали то мелод дар Осиёи Марказӣ тағйироти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст, ки тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ – моддӣ, маънавӣ ва иҷтимоиро фаро гирифт – ин ҳама бо пайдоиш ва паҳншавии маснуоти оҳанӣ алоқаманд буд. Ба ҳамин сабаб ин давраи таърихӣ Асри оҳан ном гирифт. Бозёфтҳои ҳафриётии бостоншинос В. М. Массон дар с. 1959 – доси оҳанӣ аз Анов (Ҷануби Туркманистон), корд ва сарнайза аз Дилварзин (водии Фарғона) баёнгари коркарди оҳан дар ибтидои Асри оҳани Осиёи Марказӣ буд. Дар ҳамин давра ва минбаъд истеҳсоли маснуоти оҳанӣ равнақ ёфта, боиси боз ҳам ривоҷ ёфтани кишоварзию чорводорӣ гардид. Асбобу афзор ва силоҳи содаи аз оҳан истеҳсолшуда ба забти сарзамини қабоили бегона ва ибтидои ғуломдорӣ асос гузошт. Маснуоти оҳанин ба миқдори зиёд дар бисёр қасабаҳо ва қабристонҳо тақрибан дар тамоми ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ёфт шудаанд. Дар қӯрғонҳои скифҳои назди Баҳри Сиёҳ (асри 7 то м. – асрҳои аввали мелод) маснуоти оҳанин ёфт шудаанд, ки дар байни онҳо шамшер ҳои кӯтоҳ, корд, найза, табар ва ғ. мавҷуданд.

Дар масири ҳазорсолаи 1 то мелод ва нимаи дуюми ҳазорсолаи 1 мелод дар даштҳои Осиёи Марказӣ қабилаҳои сершумори сакоиҳо маскун буданд. Дар зиндагии онҳо оҳан аз миёнаҳои ҳазорсолаи 1 то мелод васеъ паҳн шуда буд. Дар Кордҳо, ханҷарҳо, пайконҳо, найзаҳо. Асрорӣ воҳаҳои зироаткорӣ давраи оҳан ба замони таъсиси аввалин давлатҳои ғуломдорӣ (Бохтар, Суғд, Хоразм) рост меояд. Дар мавзеъҳои Қайроққум ва Дашти Ашт ёдгорҳои давраи ибтидои Асри оҳан (ҳазорсолаи 1 то м.) ёфт шуданд.

Асри сангу мис дар Тоҷикистон

Ёдгориҳои Асри сангу мис дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал ашё ва абзорҳои мансуб ба асри биринҷӣ солҳои 30–40 асри 20 ёфт шудаанд. Ҳафриёти нисбатан васеътарро солҳои 1955 Б. А. Литвинский дар соҳилҳои чапи Сирдарё, дар қисмати ғарбии водии Фарғона (дар минтақаи имрузаи Обанбори Қайроққум) ва с. 1955–1959 А. М. Манделштам дар водии Бешкент анҷом доданд. Ёдгорҳои фаровони ибтидои давраи асри биринҷиро солҳои 70–80 асри 20 аз бисёр мавзеъҳои Ҷануби Тоҷикистон ва Помир низ пайдо кардаанд. Яке аз бозёфти машҳури бостоншиносон шаҳркадаи Саразм аст.

Асрҳо

Аср (аз забони арабӣ - қарн) Сад сол. Асри 21. Фосилаи вақт аз 1 январи 2001 то 31 декабри 2100. Давраи таърихӣ

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.