Асри санг

Асри санг - қадимтарин давраи таърихии ташаккули инсоният, ки воситаҳои асосии кору меҳнат аз санг тайёр карда мешуданд. Агарчи дар имтидоди ин вақти бузург (аз 3 млн то 4 ҳазор сол қабл) чӯб ва устухон низ истифода мешуд, вале чун истифодаи олоти сангӣ бар ҳама ғолиб буд, он ба давраи санг номгузорӣ шуд.

Museum Pachten,Pfeilspitzen
PachtenMuseumPfeilspitzen

Даврабандии асри санг

Омӯхтани аслиҳа ва олоти гуногуни истеҳсолии мавриди истифодаи инсони қадим чунин нишон медиҳад, ки дар давраи хеле қадим олоти мавриди истифодаи инсони ибтидоӣ оддӣ ва дағал буд. Ин давраро давраи палеолитӣ ё худ асри санги қадим меноманд, ки дар Осиёи Марказӣ дар ҳудуди аз 800 то 12 ҳазор сол давом кардааст. Аслиҳа ва олоти давраи неолит ё худ асри санги нав бошад, аз 6 то 2 ҳазор солро дарбар гирифта, то андозае як шакли такмилёфтаро дар худ акс кардаанд. Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ аз нигоҳи илмҳои бостоншиносӣ, таърих, палеоанторопология ба давраҳои алоҳида тақсим шудааст. Ин давра, баъди таърихи қадимтарин ба асри санг, асри биринҷ, ва асри оҳан тақсим мешавад. Асри санг ба давраи қадимаи сангӣ - палеолит ҷудо шуда, он дар навбати худ ба марҳилаҳои палеолити поён 800-200 ҳазор сол, миёна 200-35 ҳазор сол, боло 35- 12 ҳазор сол тақсим мешавад. Давраи нави санг неолит аз 6 то 2 ҳазор солро дарбар мегирад. Дар давраи охири неолит аввалин олоти мисӣ паӣдо шуданд. Олимон ин марҳилаи мису сангро давраи энеолит меноманд.

Бостоншиносон дар асоси фарқи навъҳои олоти сангӣ ва тарзу усули тайёр кардани онҳо асосан Асри сангро чунин даврабанди кардаанд:

  • палеолит - (асри қадимтарини санг то ҳазорсолаи 12–13 то м.),
  • мезолит - (асри миёнаи санг – ҳазорсолаҳои 10–6-и то м.),
  • неолит - (асри нави санг – ҳазорсолаҳои 6–2-и то м.)

Давраҳои палеолит

Дар навбати худ палеолитро ба палеолити поён, миёна ва боло тақсим кардаанд.

  • Палеолити поён аз зинаҳои олдувай ва ашел,

Палеолити поён (950-200 ҳазор сол қабл аз милод). Аввалин одамони ибтидоӣ дар ҳудуди сарзаминҳои тоҷикон тақрибан дар фосилаи аз 950 ҳазор сол то 1 миллион сол пеш аз милод пайдо шуданд. Бостоншиносон Али Ориёӣ аз Эрон ва Клод Тибу аз Фаронса соли 1975 дар канораи Кашафрӯди остони Хуросон шаст намуна абзори мутааллиқ ба даврони кӯҳани сангиро ҷамъоварӣ карданд. Ин абзор ба замони байни 800 ҳазор то 1 миллион сол муқаддам пардохта шуда, дар шумораи нахустин дастсохтаҳои башар дар ин минтақа махсуб мешаванд. Осори одамони ибтидои дар пештар аз 30 нуқтаи ҷануби Тоҷикистон , дар қабатҳои замини қадими буришҳои зардхок ошкор гардиданд. Лекин танҳо 5 нуқта аз назари бостоншиноси тадқиқ шудааст. Соли 1980 бостоншиноси ленингради Пётр Павлов дар ҳайати илмии археологи бо сардории В.А.Ранов дар Кулдараи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар қабатҳои 11 ва 12-уми буриши зардхоки баландиаш 130 метр ёдгории алъон қадимтарини палеолити поёнро дар Осиёи Миёна кашф намуд. Ҳамаги 40 адад абзори сангии одамони аввалин: белчаҳо, асбобҳои теғдор ва дирафш ёфт шуданд. Мувофиқи тадқиқи методӣ бо ном марҳилаҳои изотопи каҷ, синни бозёфтҳои сангии қабатҳои 11-12 Кулдара ба 950 ҳазор сол баробар аст. Дар ҷануби Тоҷикистон ҷой гирифтани одамони аввалин наздик 1 миллион сол қабл руй дод.

  • палеолити миёна аз мустйе,

Полеолити миёна (200-35 ҳазор сол қабл). Муҳимтарин хусусияти абзори сангии палеолити миёна якхелаги, стандартноки ё такроршавии пораҳои шикастаи санг ва мавҷудияти шумораи зиёди варақаҳои тарҳашон мутаносиби саҳеҳ мебошад. Устоҳои ибтидои бо тарзи махсуси шикастан, кафонидан аз магзи санг ҷудо кардани варақа, ки онро техникаи «леваллуа» меноманд, теғаи дастии ба иҷрои ҳамаи корҳо муносиб сохтанд. Зоти одамони неандертал – пешинаи насри муосир ташаккул ёфт. Донишмандон ин зотро намояндаи маданияти палеолити миёна ё худ мустиер (аз номи ёдгории маъруфи Фаронса ) номидаанд. Тамоми абзори сангии ин зинаи таърихи давраи қадимтарин аз ваҷҳи техникаи сохташавиашон ба навъҳои леваллуа – мустиер, мустиери кӯҳӣ ва мустиери соани (аз номи Соани Ҳиндустон ) тақсим гардиданд. Аз ёдгориҳои леавллуа – мустиер Ҷарқутан ва Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон маъруф ҳастанд. Ёдгории Ҷарқутан дар ниҳоди худ 670 адад абзори сангини бо тарзи леваллуа сохташударо нигоҳ доштааст. Якчанд асбобҳои буранда олоти кордмонанд барои коркарди чӯб ва пуст ёфт шуданд. Дар 31 нуктаи дашти Қайроққуми соҳили рости рӯди Сир бештар аз 1000 мансуоти палеолити миёна, маводи ҷолиб, варақаҳои нафис ва мутаносиб, аз ҷумла олатҳои нӯгтез, буранда, шикананда, тарошанда ҷамъ гардиданд. Бозёфтҳои палеолити миёна дар қабатҳои замини қадими 3-2-1-и буришҳои зардхоки Хонако, Оби Мазор ва Лохутии Ховалинг мансуб ба 240-170 ҳазор сол қабл низ ошкор шуданд.

  • палеолити боло аз перигор, ориняк, солютр ва мадлен иборат мебошанд.

Ин давраҳо номашонро аз бошишгоҳҳое, ки аз онҳо ашёву абзори ҳамин давра ба даст омадаанд, гирифтаанд. Ёдгориҳои Асри санг дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон Асри санг дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд.Қадимтарин бошишгоҳи одамон дар деҳаи Лоҳутии Ховалинг пайдо гардид (1979), ки тақрибан ба 800000 ё 1 млн соли қабл тахмин карда мешавад. Ин қадимтарин бошишгоҳи одамон аст, ки дар Осиёи Марказӣ кашф шудааст. Осори одами қадимтарин, ки тахминан 250–300 ҳазор сол пеш зиндагӣ карда буд, дар ҳавзаи деҳаҳои Вахш ва Кофарниҳон кашф шуд. Дар Тоҷикистон ёдгорҳои Маданияти Мустйе (70–40 ҳазор сол то милод), ки ба асри санг мансубанд, бисёранд. Аз ҷумла, аз мағораи ба ном Тешиктоши мансуб ба давраи мустейии давраи палеолит бостоншинос А. П. Окладников с-ҳои 1938-39 боқимондаҳои устухонҳои писарбачаи неандерталиро пайдо намуд. Инчунин ҳафриёти қароргоҳҳои Қаробӯра, Қаротоғ, Ҷарқутан, Оғзикичик, Қайроққум хеле машҳуранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Помир бошишгоҳҳои мезолит ва осори палеолити боло дар Шугнов ошкор гардиданд. Асри санги Тоҷикистон бо маданияти неолити Ҳисор ба охир мерасад. Таҳқиқоти Тутқавул ва макони Сойи Сайёд нишон доданд, ки аҳолии давраи неолити Тоҷикистон дар ҳолати гузариш аз шикору ҷамъоварии гиёҳ ба чорводорӣ ва кишоварзӣ буд.[1]

Нигаред

Манобеъ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23
Аличур (қабристон)

Аличур — Аличӯл, қабристони қадимаест дар яке аз водиҳои калонтарини Бадахшон – водии аличӯл. Қабристон гувоҳ аст, ки дар ин минтақа аз замонҳои хеле қадим одамон маскун будаанд. Дар резишгоҳи дарёҳои Чулоқтакка, Оқчилға, Қабриған ва ғайра бошишгоҳи одамони асри санг (ҳазорсолаи 9 – 8 то м.) маълум шудааст. Бошишгоҳҳо иқоматгоҳи муваққатии шикорчиён буданд, ки аз онҳо фақат олоти сангӣ: нӯги найзаҳо ва кордҳои гуногун боқӣ мондаанд. Маданияти аличур аз маданияти Маркансуи Помири Шимолӣ хеле фарқ дошта, аз дигар ёдгориҳои Помири Шарқӣ ба назар кӯҳнатар мерасад. Дар ҳазорсолаи аввал то м. дар водии аличур қабилаҳои ҷанговари сакоиҳо зиндагонӣ мекарданд, ки ба чорводорӣ машғул буданд. Дар поёноби дарёи аличур (Аличӯл) ду қабри сакҳо ёфт шуд, ки аз онҳо найзаҳо, афзори асп, зарфҳои сафолӣ пайдо гардиданд. Хусусан дегчаи биринҷӣ хеле ҷолиби диққат аст, ки дар ду гӯшакаш акси барҷастаи парандаи уқобмонанд ҳаст. Дар асрҳои миёна водии аличур роҳи корвонгузар будааст.

Асри санг дар Тоҷикистон

Ёдгориҳои Асри санг дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Қадимтарин бошишгоҳи одамон дар деҳаи Лоҳутии Ховалинг пайдо гардид (1979), ки тақр. ба 800000 ё 1 млн соли қабл тахмин карда мешавад. Ин қадимтарин бошишгоҳи одамон аст, ки дар Осиёи Марказӣ кашф шудааст. Осори одами қадимтарин, ки тахминан 250–300 ҳазор сол пеш зиндагӣ карда буд, дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон кашф шуд. Дар Тоҷикистон ёдгорҳои маданияти Мустйе (70–40 ҳазор сол то м.), ки ба Асри санг мансубанд, бисёранд. Аз ҷумла, аз мағораи ба ном Тешиктоши мансуб ба давраи мустейии давраи палеолит бостоншинос А.П. Окладников солҳои 1938-1939 боқимондаҳои устухонҳои писарбачаи неандерталиро пайдо намуд. Инчунин ҳафриёти қароргоҳҳои Қаробӯра, Қаротоғ, Ҷарқутан, Оғзикичик, Қайроққум хеле машҳуранд. Дар Ҷануби Тоҷикистон ва Помир бошишгоҳҳои мезолит ва осори палеолити боло дар Шугнов ошкор

гардиданд. Асри санги Тоҷикистон бо Маданияти Ҳисор ба охир мерасад. Таҳқиқоти Тутқавул ва макони Сойи Сайёд нишон доданд, ки аҳолии давраи неолити Тоҷикистон дар ҳолати гузариш аз шикору ҷамъоварии гиёҳ ба чорводорӣ ва кишоварзӣ буд.Дар давраи пайдоиши одамони аввалин дар табиат ва обу ҳавои руйи Замин, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Эрони шарқӣ тағйироти калон руй доданд. Набототи тропикии гули бо растаниҳои даштии типи саванна иваз гардиданд. Ҳафриёти Қуруқсой дар Балҷувони Тоҷикистон боқимонбаҳои ҳайвонҳои ғароиб, мисли аспи Стенон, карк, маймуни павиан, паланги шамшердандон, зотҳои филҳои қадим, заррофаро ошкор набуд. Замони пайдоиши одам аз назари илми геология давраи «плейстотсен» - аёми ба вуҷудоии миқдори зиёди шаклҳои нави ҳаёт, яхбандиҳо ва байни яхбандиҳо ном дошт. Обу ҳавои Осиёи Марказӣ ва Эрони шарқӣ хушк ва нисбати сард гашта буронҳои пурчанг гарду ғубори биёбонҳои бузургро ба ҷониби доманаҳои кӯҳҳо ва пастхамиҳои байни риштакӯҳҳои баланди Помиру Ҳиндукӯш дар шакли буришҳои ғафси зардхок фурӯ менишониданд. Ин гуна буришҳои азими гафсиашон то 200 метр дар хамгашти кишри замин, байни риштакӯҳҳои Помиру Олой ва Ҳиндукӯш, ки гелогҳо онро депрессияи тоҷику афғон меномиданд, ба вуҷуд омаданд.

Асри сангу мис

Асри сангу мис (энеолит) - давраи гузариш аз асри санг ба асри биринҷӣ. Дар Аврупо давраи энеолитро ба ҳазорсолаи 3 то м., дар Байнаннаҳрайн ва Миср ба ҳазорсолаи 4 то м. нисбат медиҳанд. Дар Осиёи Миёна, дар Туркманистони Ҷанубӣ ёдгорҳои энеолитӣ фаровонанд. Ошноии нахустини инсон бо филизз ба эҳтимоли қавӣ ҳанӯз дар охирҳои асри санг сурат гирифта буд. Ҷустуҷӯи мавод барои сохтани абзори кор ва силоҳ инсони даврони ибтидоиро бо анвои сангҳои филизздор дучор намуд. Аз ҷумла одамони қадим пораҳои маъдани миси холисро ҳам пайдо карда, аз он бидуни дар кӯра тафта кардан абзори кор ва анвои гуногуни силоҳи давраи ибтидоӣ месохтанд, ки дар таърих ин давра энеолит – Асри сангу мис номида шуд. Нахустин ашёи аз филизз сохташуда ҷойи ашёву абзори сангӣ, чӯбӣ ва устухониро гирифтанд, ки ин ҳодиса дар сарзамини Осиёи Миёна ба асри 5 то милод рост меояд.

Ёдгориҳои Асри сангу мис дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Яке аз бозёфти машҳури бостоншиносон шаҳркадаи Саразм аст.

Асрҳо

Аср (аз забони арабӣ - қарн) Сад сол. Асри 21. Фосилаи вақт аз 1 январи 2001 то 31 декабри 2100. Давраи таърихӣ

Асфала софилин

АСФАЛА СОФИЛИН (арабӣ: اسفلسافلين) таъбири қуръонӣ, ки ба маънои поинтарини пастҳо ва аз пастҳо ҳам поинтар аст. Ин таъбир дар Қуръон фақат дар як маврид – дар ояти панҷуми сураи Тин зикр шудааст. Дар ояте қабл аз он Худованд дар бораи офариниши фитрӣ-ҷисмонии инсон хабар дода, ки он дар беҳтарин сурат ва бо зеботарин пайкаре анҷом гирифтааст, вале камоли маънавӣ ва итмоми ҷавҳари инсониро дар вай ба чизи дигаре марбут намуда, ки он ба интихоби дурусти худаш вобастааст ва аз имону амали солеҳ иборат мебошад. Ҳамон гуна ки Ҳақ таъоло бо офариниши инсон худро аҳсан-ул-холиқин хонда, дар бораи халқи инсон низ ҳаминро гуфта, ки онро дар беҳтарин сурат ва бо зеботарин пайкар офарида ва дар тинати вай тамоми зарфиятҳои моддӣ ва пойгоҳи фитрии иртиқои маънавиро ниҳодааст. Агар аз он пой­гоҳи фитрӣ ва тинати илоҳиаш дуруст баҳра гирад, ба баландтарин қулла ва авҷи болоҳо (аъл-ал-иллиййин) мерасад, вале агар аз ҷодаи ҳақ канора гирад ва камолро аз пучиҳо ҷӯё шавад, пас, дар масири зиндагиаш дар фаросӯи пасте қарор гирифта, ба поинтарин дараҷаи пастҳо – асри санг баргаштааст.

Ҳамин уфти маънавӣ, барҳам хӯрдани таодули равонӣ ва табоҳ гардидани фитрати зебои инсонӣ дар ифодоти равоншиносонаи қуръонӣ ба асри санг таъбир шудааст ва бис­ёре аз муфассирон ибораи асри сангро ба маънои фавқ тафсир кардаанд. Дар порае аз тафсирҳо асри сангро ба маънои дӯзах ва поинтарин табақаи он низ донистаанд, яъне касоне, ки аз имон ва амали солеҳ дурӣ ҷӯянд ва дар куфру маъсият исрор варзанд, рӯзи қиёмат дар пасттарин таба­қоти дӯзах партофта мешаванд. Масалан дар бораи мунофиқон мефармояд: «Мунофиқон дар поинтарин табақаи оташ ҷой дода мешаванд» (4:145).

Белчакорд

БЕЛЧАКÓРД, силоҳе аз санги оташбарг, ки дар охири давраи полеолит пайдо шуда, дар давраҳои мезолит ва асри биринҷӣ ҳам вуҷуд доштааст. Аксаран, порчаи санги дароз, баъзан мудаввар, ки тарафи тезаш камоншакл буда, барои тарошидани пӯст, чӯб, устухон ва шох кор мефармуданд. Дар қароргоҳҳои асри санг бисёр ёфт шудааст.

Буз

Шаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox end[[Гурӯҳ:Ҳайвонҳо аз рӯи алифбо]]

БУЗ (Сарга hircus), моиз, ҳайвонест хонагии нуфтсум. Бино ба таснифоти зоологи ба гурӯҳи ширхурон (оилаи ковокшохон) мансуо аст. Буз яке аз аввалин ҳайвонҳои хонагист. Аксар олимон Бузҳои ҳозираи вахшии безоаровй — позахр (С. aega-gerus), морхур (С. falconeri) ва Бузи мунцаризи «ибтидой» (С. pri^ca)-po ачдоди Бузи хонагй мехисобанд. Дар Тоҷикистон 2 намуди Бузи вахшй: нахчир — С. sibirica (дар х,ама но-х,иях,о, гайр аз водиҳои чануби Тоҷикистон) ва морхур (ц-кухдои Санглох,_ Сарсарак ва Х,азратишох,) во-мехурад. Маълумотҳои бостоншиносй оид ба бокимондаҳои ҳайвонот (дар Яримтеппаи шимоли Ирок ва Анови назди Ашхобод), тасвироти руисангии асри санг ва бозёфтҳои аз нохияҳои гуногун пайдокарда шаходат медиханд, ки бузпарварй 8 ҳазор сол мукаддам вучуд дошт. Буз нигохубини зиёдеро талаб намекунад ва ба касалиҳои сил, хоришак, нагзак, тоун, трипаносомоз кам гирифтор мешавад. Бинобар ин Буз дар баъзе нохияҳои Африқо ягона ҳайвони хонагй аст. Буз нисбат ба дигар чор¬вои хоҷагии қишлок барои дар чарогох парвариш кардан бештар мувофиқ мебошад. Бинобар хуб инкишоф ёфтани аъзои хозима Буз растаниҳои гуногунро хурда, хурокиҳои аз 27 то 64% клетчаткадорро ҳазм мекунад. Вояи хуроки Бузҳои вазни зиндаашон 30— 35 кг бояд 0^90—1,32 воҳиди хурокй, 1,25—1,35 кг модда^ои хушк, 80— 100 кг протеини х;озим, беда, хасбеда, ярмаи ҷуворимакка, хурокиҳои омехта ва гайраро. дошта бошад. Рамаи Бузро барои нест кардани буттаю паттазори заминкой киштбоб ва каяал-х,о истифода мебаранд. Буз ба шароити гуногуни экологи зуд мутобиқ мешавад ва аз ин ру дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон онро мепарвараяд. Маҳсулоти асосии Буз пашм, гӯшт, ва тибит аст. Буp ҳайвони зудрас мебошад. Тақаҳои нага нигоҳубиншударо дар 5—6-моҳаги ба¬рои гӯшт мекушанд. Вазни зиндаи модабузи болиг 40—60, такааш 60— 65 (баъзан то 105) кг мешавад. Б. 9—10, баъзан то 17 сол умр меби-над. Онро дар хоҷаги 7—9 сол ис¬тифода мекунанд, сина 6а гушт месупоранд. Буз дар 5—8 моҳагй кобилияти чуфтшавй дорад, вале аз 14— 18-моҳаги барвакттар чуфтй кардани ва бузголаҳояш майдаву логар таваллуд мешаванд. Давраи хамлаш

буда, 2 (баъзан 5) бузгола мезоянд. Дар ноҳияҳои чорводори Тоҷикистон Буз тамоми сол дар чарогоҳ парвариш меёбад. Дар чарогоҳ барои зимистонгузаронии чорво ура ме-созанд, ки дар он Б. ва дигар моли майдаро шабона ва рӯзз^ои хунук, ин¬чунин дар х,авои номусоид нигох, ме-доранд. Х,антоми ташкил кардани ра¬ма 300—350 модабуз, 450—500 бузго-ла ва 600—700 таках,ои ахтакардаро чудо мекунанд. Бо мацеади дар фас-ли гарми сол тул гирифтан мода-бузз;оро мо^и нояб. чуфт мекунанд. Агар зимистон барои зоидани Б. ша-роити мусоид мавч,уд бошад, пас мо^ои июнь ва авг. чуфтй кардани модабузз^о равост. Бузголах,ои дек.— янв. зоидашударо бах,орон ба чаро¬гох; баровардан мумкин. Дар су рати хуб парваришу нигох,убин кардани Б. аз он соле 2 ё дар 2 сол 3 маротиба наел гирифтан мумкин аст. Б. сунъй х,ам ч,уфтй карда мешавад. 45 рӯз пеш яз чуфтй кардан, бузгола^оро ч,удо намуда, модабузх,оро аз назо-рати ветеринарию профилактики ме-гузаронанд. Бо мацеади гирифтани наел таках,ои зотии солим ва бокув-ватро истифода мебаранд. Ба такахо 45—60 рӯз к,абл аз дуфтикунй хуро-ких,ои сергизо (пояи хушки лубиёи-х,о, хасбеда, силос, сабзй, лаблабуи цанд, хуроких,ои омехта — ярмаи ч,у-воримакка, ч,ав, сабус) медих,анд. Вояи хуроки такай вазни зиндааш 60 кг бояд 1,10 вохдщи хурокй, 1,44 кг моддах,ои хушк, 100—110 г про¬теини х,озим дошта бошад. Ба х,ар така 25—30 ва барои таках,ои калон 30—40 cap модабуз ЧУДО мекунанд. Х,ангоми бордоркунии сунъй бо нутфаи 1 така дар 40 рӯз то 500 мода-бузро бордор кардан мумкин. Соли 1937 дар р-ни Ашт дар як мавсими ч,уф-тикунй бо нутфаи така^ои рацами 01 ва 04-и зоти ангорй 1300—1500 мо-дабузро бордор карда буданд.

Бҳимбетка

Бҳимбетка — маҷмӯи тасвироти рӯйисангии аҳди мезолит дар ғори доманакӯҳи маъбади Виндхя, дар атрофи ш. Бҳопал (иёлати Мадҳя Прадеш, Ҳиндустон). Соли 1950 кашф шуд. Қисми зиёди тасвирот ба ҳазорсолаи 8–5 то м. тааллуқ дорад. Инҳо манзараҳои шикор, муҳорибаҳо, маросими дафн, бозиҳои варзишӣ, аслиҳаи гуногун; тасвироти ҳайвонот – бизонҳо, хукҳо, ғизолон, оҳувон, палангҳо, филҳо; ашхоси бо ниқоб рақскунанда, занҳои ҳомила ва ғ. мебошанд. Аз соли 2003 ба Рӯихати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Вилояти Воронеж

Воронеж — вилоят дар Федератсияи Русия. Соли таъсисаш 13 июни 1934. Дар Черноземяи Марказӣ воқеъ гардидааст.

Дар ҷануб бо вилояти Лугански Украина ва вилояти Ростов, дар ғарб бо вилояти Белгород, дар шимолу ғарб бо вилояти Курск, дар шимол бо вилоятҳои Липеск ва Тамбов, дар ҷанубу шарқ бо вилояти Волгоград, дар шарқ бо вилояти Саратов ҳамсарҳад аст. Ба округи федералии Марказ дохил мешавад. Масоҳаташ 52,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 2,3 млн нафар (2014). Маркази маъмуриаш — ш. Воронеж, Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятӣ, иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят. Воронеж ба 32 ноҳия тақсим мешавад, 15 шаҳр (аз ҷумла 4 шаҳри тобеи вилоят), 21 шаҳрак дорад. Шаҳрҳои бузургаш: Воронеж, Борисоглебск, Россош, Острогожск, Поворино.

Воеводский, Михаил Ваславович

Воеводский Михаил Ваславович (русӣ: Михаил Вацлавович Воево́дский; (1903, Смоленск — 1948, Маскав) — бостоншиноси рус, мутахассиси асри санг.

Коса

Коса (Хатти ниёгон: کاسه) — зарфи рӯзгор барои андохтан ва нигоҳ доштани таомҳои гуногун аст. Коса аз давраҳои асри санг маълум аст. Дар Осиёи Миёна косаҳои сафолини мунаққаши мансуб ба ҳазораи дуюми то мелод ёфт шудааст. Аввалҳо косаро аз лой дастӣ месохтанд, ки нисбатан дағал буд. Дар асри биринҷӣ бо пайдоиши чархи кулоли шакл ва нақшу нигори коса такмил ва косагарӣ ҳамчун касби махсус ташаккул ёфт. Вобаста ба масолеҳ косаҳо сафолин, чинӣ, мисин, чӯбин, сирдор, бесир ва ғайра мешаванд.

Мезолит

Мезолит (аз мезо.. ва аз забони юнонӣ lithos -санг), асри миёнаи санг, давраи гузариш аз палеолит ба неолит. Муқаррар карда шудааст, ки давраи Мезолит дар Аврупо 10-7 ҳазор сол, дар шимол 6-5 ҳазор сол дар Шарқи Наздик 12-9 ҳазор сол пеш аз милод давом намудааст. Маданияти Мезолит гуногун ва ғанист.

Норак

Норак – шаҳри энергетикҳо дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз хафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахасисонанд. Бо барқарор гардидани ҳукумати Шӯравӣ солҳои бистум – сиюм дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари хамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли 1990 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак хамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Туткавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.

Ноҳияи Ёвон

Ноҳияи Ёвон (форсӣ: ناحیۀ یاوان‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар бахши марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 11 июни соли 1934 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ёвон (форсӣ: یاوان‎) аст, ки дар канори рӯди Ёвон, 54 км ҷанубу шарқтар аз Душанбе ва 88 км шимолтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад.

Ёвон - мувофики маъхазҳои таърихи номи 10-умин фарзанди Одам будааст. Тадқиқотҳои бостоншиносон нишон додаст, ки дар ин сарзамин дар асри санг бошишгоҳои одамони қадим мавҷуд буд. Дар фарҳангномаҳо бошад, мафҳуми Ёвонро биёбон шарҳ додаанд, ки ишора ба ҳамвории замини он аст.

Ноҳияи Фархор

Ноҳияи Фархор (форсӣ: ناحیۀ فرخار‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 23 ноябри соли 1930 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Фархор (форсӣ: فرخار‎) аст, ки дар канори рӯди Панҷ, 96 км ҷанубу шарқтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Фархор то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак як фурудгоҳ ва як корхонаи пахта дорад.

Пулод Атоев

Пӯлод Атоев (таваллуд 1923, шаҳри Хуҷанд) — ширкаткунандаи ҶБВ (1941–1945), дорандаи се дараҷаи ордени Шараф, старшинаи гвардия. 30 сентябри 1942 ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, дар ҳайати ротаи махсуси разведкаии дивизияи 52-юми пиёдагарди артишҳои 5, 30, 45, 57-уми ҷабҳаҳои Ҷанубу Ғарбӣ, Степной ва 2-юму 3­юми Украина зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Дар набарди де­ҳаи Красная Константиновкаи вилояти Кировоград барои таркондани нуқтаи оташфишони душман ва аз майдони ҷанг баровардани фармондеҳи маҷрӯҳ сазовори ордени Шараф (дараҷаи 3) гардид (1943). Ордени Шараф (дараҷаи 2)-ро соли 1944 барои аз кор баровардани хатти алоқаи душман ва асир гирифтани аскарони душман гирифт. Бо ор­дени Шараф (дараҷаи 1) барои нест кардани ДЗОТ-и душман (1945) баъди 25 соли тамом шудани ҷанг сарфароз гардид. асри санг 1959 шуъбаи ғоибонаи Институти педагогии Ленинободро хатм кард. Аз соли 1960 то ба нафақа баромадан мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-техникӣ ва таблиғоти назди Госплани Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Атоев Пулод бо якчанд медали ҷангӣ сарфароз гардидааст.

Саг

Саг (лот. Canis lupus familiaris) — ҳайвони хонагӣ ва ширхӯр. Зернамуди гургон, синфи ширхӯрҳо аз оилаи сагшаклҳо.

Ғори Шахта

Ғори Шахта – тасвирҳои рӯисангии асри санг (хазораи VII то милод) дар Помири Шарқӣ, ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ғори Шахта ба Рӯйхати ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Тоҷикистон дохид карда шудааст.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.