Асри биринҷӣ

Асри биринҷӣ, давраест дар таърихи инсоният, ки баъди давраи асри сангу мис меояд. Гудохтани мис (Асри сангу мис) тадриҷан барои кашфи филиззи нав, ки аз ҷиҳати хосияти худ нисбат ба миси холис хеле мустаҳкаму бадошт буд, мусоидат намуд. Маснуоти биринҷӣ дар мамлакат ҳои Шарқи Наздик хеле пеш (ҳазорсолаи 4 то м.), дар Аврупо дертар (ҳазорсолаи 2 то м.) пайдо шуд. Мувофиқи таҳқиқоти бостоншиносон на хустин дошҳо (кӯраҳо)-и мис гудозӣ ва ашёи аз мис ва хулаҳо сохташуда дар бо шишгоҳҳои неолити Анатолия (Чайонтепиз, Чаталгююк ва ғ.), ки ба ҳазораи 7–5 то м. мансубанд, ба даст омадаанд. Коргоҳҳои аз гудохтаҳо ба вуҷуд овардани би ринҷӣ ва аз он сохтани ҳар навъи ашё дар Туркманистони Ҷанубӣ, Шим. Афғонистон, Ҷ. Ӯзбекистон, Ҷ. Тоҷи кис тон ва Ҳафтрӯд таҳқиқ шудаанд. Фаро расидани Асри биринҷӣ ба равнақи иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ такон бахшид: кишоварзӣ, чорводорӣ, косибӣ ривоҷ ёфта, му носибат ҳои падаршоҳию қавмӣ пурра пойдор гардиданд. Дар сарзамини Осиёи Марказӣ Асри биринҷӣ аз охири ҳазорсолаи 3 то м. сар шуда, тақрибан то кашф шудани оҳан давом кард. Ниг. низ Маданияти Тозабоғоб, Мадания ти Суярғон, Маданияти Замонбобо, Маданияти Анов ва Маданияти Сафолтеппа.[1]

Bronze age weapons Romania
Ҷангафзор ва зеварҳои асри биринҷӣ

Асри биринҷӣ - бо дигаргун ва тараққиёти асрҳо олоти истеҳсолот беш аз пеш ташкил ёфта, техника тараққӣ намуд. Яке аз равияҳои ин тараққиёт ба пайдоиши фулузгудозӣ оварда расонид. Илм дар ихтиёри худ мадракҳои аниқ ва дақиқи ба вучуд омадани металлургияи ибтидоиро надорад. Аввалҳо одамон фулузоти худрӯйро як навъи махсуси санг пиндошта, бо ҳамон усуле, ки ба санги муқаррарӣ кор мефармуданд, сохту пардохт мекарданд. Одамон дар яке аз вақтҳо пай бурданд, ки баъзе навъҳои санг дигаргун буда, хосияти ёзандагӣ доранд. Дертар,вақте ки инсон аз даруни хокистари сард дар натиҷаи тасодуфан гудохта шудани маъдансанг як порча мисро пайдо намуд, фикри аз маъдан хориҷ кардани мис,яъне гудозиши маъдани мис ба вуҷуд омад. Таҷрибаи сафолпазии кулолон дар кори омӯхтани фулузгудози хеле кӯмак расонид. Ин қадамҳои аввали саноати фулузгудозии ибтидои бо машаққати зиёде гузошта шуда, чунон ки бостоншиносон муайян кардаанд, чандин ҳазор сол тӯл кашидааст. Аммо олоти мисӣ, бинобар мулоим будани худ, он қадар самараи дилхоҳ дода натавонист. Вақте ки инсон ба мис қалъаги гоҳо сурб, сурма ва маргимуш ҳамрох карданро омӯхта, вазъият фавран тағйир ёфт, як навъи нави фулуз - биринҷӣ тавлид гардид, ки дар баробари як қатор бартариҳои технологӣ ба сабаби хеле сахт буданаш барои вусъат пайдо кардани таҳияи олоти фулузи имконият фароҳам овард. Вале дар айни замон асбобу аслиҳаи санги низ ҳамоно мавҷудияти худро нигоҳ медошт.

Аз ҳама муҳимтарин мис ва қалъаги, инчунин биринҷи аз ҳамбастагии онҳо ҳосилшуда ба шумор мерафтанд, Дар асри биринҷи олоту аслиҳаи лозимаро ба вуҷуд овард, лекин олоти сангиро аз байн бурда натавонистанд, ба ин кор фақат қудрати оҳан мерасид, аммо ҳосил кардани оҳанро ҳоло намедонистанд.

Дар Осиёи Миёна осори бисёр конҳои мис, ки дар асри биринҷӣ кашф гардида, мавриди истифодаи аҷдоди қадимаи мо қарор гирифта буданд, боқӣ мондаанд.

Аслан мис дар кӯҳистонҳои Осиёи Миёна, истихроҷ намуда, ҳамчун конҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳсори ёфта шуданд, аз ҳама қабил манбаҳои машҳури мис ба шумор меравад.

Баъзе маьданиҳое, ки дар гудозиши истифода мебурданд, зиёдтар гардид аввалҳо фулузгудозони ибтидои мисро фақат аз маьданҳои туршонидашуда гудохта ҳосил мекарданд.

Зироат ва чорводорӣ

Зироат ва чорводори, ки дар вактҳои пеш пайдо шуда буд, дар асри биринҷӣ ба сохаи асоси хоҷаги табдил ёфта аҳмияти шикор камтар шуда буд.

Дар тарфҳои ҷануб, ки дарёчаву ҷӯйбор бисёр буд зироаткорон дар вақтҳои аввал аз обхезиҳо истифода карда бештар дар заминҳои лойқа кишт мекарданд. Дар ҳазорсола 4 пеш аз мелод дар тамоми Шарқи Пеш қадимтарин иншоот ба шумор меравад. Обанбори суньии ғунҷоишаш 3,5 ҳазор метр мебошад. Аввалхо зироати асосиро чави дурадда ва гандуми нарми зирадона ташкил мекард вале сонитар чунон ки бозёфтҳои бостонӣ шаҳодат медиҳанд ғайр аз ҷаву гандум ҷавдор нахуд ва ангур низ ба қатори зироатҳои асосӣ дохил гардид. Пештар доси сангӣ ба кор бурда мешуд баьдҳо ҷои онро доси мисӣ ва биринҷӣ гирифт. Якинан метавон гуфт ки дар айни тарақиёти аҳди биринҷӣ дар шудгор плугро истифода карданд.

Нигаред

Нигаред

  • Портал:Таърих

Манбаъ

  1. * Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4. / В. Ранов.
  • Б. Ғафуров "Тоҷикон". Ҷилди 1. - Душанбе:Ирфон,1998
  • История таджикского народа. Т. 1. М., 1963;
  • Средняя Азия в эпоху камня и бронзы. М. – Л., 1966.
Австрия

Австрия (олмонӣ: Österreich [ˈøːstɐˌʁaɪç] (гӯш кардан )), Республикаи Австрия (олмонӣ: Österreich Österreichische Republik) — давлат дар Европаи Марказӣ. Узви Иттиҳоди Европа (аз с. 1995). Бо Германия, Чехия, Словакия, Венгрия, Словения, Италия, Швейтсария ва Лихтенштейн ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 83858 км2. Аҳолиаш 8,375 млн нафар (январи 2010). Пойтахташ — шаҳри Вена. Аз 8 мулки (музофот) маъмурии мустақил: Бургенланд, Австрияи Болоӣ, Австрияи Поёнӣ, Залтсбург, Каринтия, Штирия, Тирол, Форарлберг ва Вена (аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулк баробар дониста шудааст) иборат аст. 26 октябри — рӯзи қабули Қонуни Конститутсионии федералӣ (1955) дар бораи бетарафии доимӣ — Иди миллии Республикаи Австрия. Воҳиди пулӣ — евро (то соли 2001 — шиллинги австриягӣ).

Ангуштарин

Ангуштарин, чала — афзори ороишест, ки аз нуқра, тило ва дигар фулузот сохта ба ангушт меандозанд.

Дар давраи палеолит ангуштарини устухонӣ, дар давраи неолит ангуштарини сангӣ ва дар асри биринҷӣ ангуштарини фулузӣ пайдо шуд. Ангуштарин дар сарзамини тоҷикон аз қадим маъмул буда, дар замони мо низ асбоби зинати даст аст. Онро мувофиқи табъ хотамкорӣ ва нақшу нигор мекунанд. Ангуштарин навъҳои гуногун дорад. Ангуштарини чашмакдорро дар маҳалҳои гуногун аз рӯйи сохти ҳалқааш пашшахона, панҷарадор, бодомча ва ғ. меноманд. Ангуштарини мардона низ ҳаст. Ин гуна ангуштарин аввал дар Мисри Қадим, баъд дар ҷойҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон паҳн шуд. Нигини ин ангуштаринро катибаву тасвирот зинат медоданд. Ангуштарин вазифаи мӯҳрро ҳам адо мекард. Духтарҳо аз 10—14-солагӣ ба ангуштонашон ангуштарин меандохтанд. Ангуштарин дар қатори дигар асбобҳои зебу зинат ба маҳри арӯс ҳамчун тӯҳфаи домод дохил мешуд.

Замонҳои пеш ангуштарин доштани занҳо ҳатмӣ буд, зеро онро дар рафти ба ҷо овардани ягон ойин рамзи тозагии даст мешумурданд. Дар замони мо бо ташаккули анъанаҳои нав ангуштарин гирифтани занону мардҳо, хусусан наварӯсон расм шудааст. Арӯс ва домод рӯзи қайди ақди никоҳ чун рамзи ягонагӣ, садоқат ва вафодорӣ ба дасти якдигар ангуштарин меандозанд.

Асри сангу мис

Асри сангу мис (энеолит) - давраи гузариш аз асри санг ба асри биринҷӣ. Дар Аврупо давраи энеолитро ба ҳазорсолаи 3 то м., дар Байнаннаҳрайн ва Миср ба ҳазорсолаи 4 то м. нисбат медиҳанд. Дар Осиёи Миёна, дар Туркманистони Ҷанубӣ ёдгорҳои энеолитӣ фаровонанд. Ошноии нахустини инсон бо филизз ба эҳтимоли қавӣ ҳанӯз дар охирҳои асри санг сурат гирифта буд. Ҷустуҷӯи мавод барои сохтани абзори кор ва силоҳ инсони даврони ибтидоиро бо анвои сангҳои филизздор дучор намуд. Аз ҷумла одамони қадим пораҳои маъдани миси холисро ҳам пайдо карда, аз он бидуни дар кӯра тафта кардан абзори кор ва анвои гуногуни силоҳи давраи ибтидоӣ месохтанд, ки дар таърих ин давра энеолит – Асри сангу мис номида шуд. Нахустин ашёи аз филизз сохташуда ҷойи ашёву абзори сангӣ, чӯбӣ ва устухониро гирифтанд, ки ин ҳодиса дар сарзамини Осиёи Миёна ба асри 5 то милод рост меояд.

Ёдгориҳои Асри сангу мис дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Яке аз бозёфти машҳури бостоншиносон шаҳркадаи Саразм аст.

Асри сангу мис дар Тоҷикистон

Ёдгориҳои Асри сангу мис дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал ашё ва абзорҳои мансуб ба асри биринҷӣ солҳои 30–40 асри 20 ёфт шудаанд. Ҳафриёти нисбатан васеътарро солҳои 1955 Б. А. Литвинский дар соҳилҳои чапи Сирдарё, дар қисмати ғарбии водии Фарғона (дар минтақаи имрузаи Обанбори Қайроққум) ва с. 1955–1959 А. М. Манделштам дар водии Бешкент анҷом доданд. Ёдгорҳои фаровони ибтидои давраи асри биринҷиро солҳои 70–80 асри 20 аз бисёр мавзеъҳои Ҷануби Тоҷикистон ва Помир низ пайдо кардаанд. Яке аз бозёфти машҳури бостоншиносон шаҳркадаи Саразм аст.

Асрҳо

Аср (аз забони арабӣ - қарн) Сад сол. Асри 21. Фосилаи вақт аз 1 январи 2001 то 31 декабри 2100. Давраи таърихӣ

Афзор

Афзор - олоти меҳнати инсон ё механизми иҷрокунандаи мошинҳои технологӣ барои кор дар истеҳсолоти саноатӣ. Афзор ҳанӯз дар асри биринҷӣ, алалхусус баъди аз маъдан ҷудо кардани оҳан (ҳазорсолаи якуми то мелод) хеле тараққӣ кард. Дар он замон ва давраҳои минбаъда то пайдоиши техникаи ҳозиразамон Афзорҳои ҳунармандон, махсусан дар соҳаҳои коркарди филиззот, бо андозаву вазни худ фарқ мекарданд (масалан, афзорҳои оҳангарӣ, мисгарӣ, заргарӣ). Феълан навъҳои афзорҳоро мувофиқи вазифаашон ба буранда (арра, миқроз, ранда, корд, парма ва ғайра), зарбавӣ (путк, болға ва ғайра), нақшакашӣ (паргор, хаткаш ва ғайра) суфтагарӣ (милаи суфтагарӣ, қурси суфтагарӣ ва ғайра), дастӣ (анбур, сунба ва ғайра), дастгоҳӣ (қалам, парма, фреза ва ғайра), механиконидашудаи дастӣ (миқрозҳои фишангӣ, арраҳои шаддабур, болғаҳои ангиштканӣ ва ғайра) ҷудо мекунанд. Асбобу олотеро, ки барои ченкуниҳои гуногун (гунё, калибр, микрометр ва ғайра) ва амалиётҳои дигар дар илму техника (штампҳо, қолибҳои рехтагарӣ ва ғайра), барои амалиёти ҷарроҳию муолиҷавӣ ва тадқиқот дар тиб ва байторӣ истифода мешаванд, низ афзор меноманд.

Афзор (порсӣ: افزار ) - асбоб, олот, абзор. 2. кит. дорувории таом аз қабили мурч, зира, қаланфур.

Бадахшон

Бадахшон (форсӣ: بدخشان‎) — кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъ дар болооби дарёҳои Панҷу Ому ва ҳавзаи дарёи Кӯкчаву шохобҳои он, қисми шимолу ғарби Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон.

Белчакорд

БЕЛЧАКÓРД, силоҳе аз санги оташбарг, ки дар охири давраи полеолит пайдо шуда, дар давраҳои мезолит ва асри биринҷӣ ҳам вуҷуд доштааст. Аксаран, порчаи санги дароз, баъзан мудаввар, ки тарафи тезаш камоншакл буда, барои тарошидани пӯст, чӯб, устухон ва шох кор мефармуданд. Дар қароргоҳҳои асри санг бисёр ёфт шудааст.

Бешкент (водӣ)

Бешкент — водӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон.

Бӯта

Бӯта (порсӣ: ﺒﻮﺘﻪ ) мулда — зарфи хурмашакл ё устувонашакли аз масолеҳи оташбардор ва дергудоз – гилбӯтаи сахтшуда, бӯтахишт сохташуда, ки дар он мис, нуқра, тило, пӯлод ва баъзе дигар филиззотро мегудохтанд. Бӯтарезӣ дар асри биринҷӣ дар мамлакатҳои Шарқ пайдо шуд. Дар Бухорои асрҳои 18–19 пеш аз зарби танга тило ва нуқраро дар Б. аз ғашҳо тоза мекарданд. Дар Аврупо ин усул ҳангоми пӯлодгудозӣ (миёнаҳои асри 18) ба вуҷуд омад ва то ибтидои асри 20 истифода шуд. Бӯта баъд аз ихтирои усулҳои барқии филизгудозӣ қариб барҳам хӯрд.

Истилоҳи «бӯта» дар ашъори шоирони форс-тоҷик, мас., Ҳофизи Шерозӣ, ба маънои гудохта шудани зар дар Бӯта омадааст:

Ҳофиз чу зар ба бӯта дарафтоду тоб ёфт,

Ошиқ набошад он, ки чу зар ӯ ба тоб нест.Ҳоло дар филизкорӣ, коркарди филиззот (гудозиш, рехтагарӣ, бозпухт, саноати кимиё) ва озмоишгоҳҳои кимиёӣ ба сифати Бӯта косача ва дигар зарфҳоро истифода мебаранд.

Вйетнам

Вйетнам (вйетн. Việt Nam), Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам — давлат дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, дар нимҷазираи Ҳиндухитой.

Заргарӣ

Заргарӣ (порсӣ: زرگری ) – яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалиии тоҷикон ба шумор меравад.

Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд.

Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.

Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд. Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дукону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар Бухоро дар гузари Токи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О.А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.

Дар заргарӣ амалҳои рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, заробӣ, сайқалдиҳӣ, ҳаллоҷӣ (тунуккунӣ), ҳалдавонӣ ва ғайра истифода мешаванд. Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани нуқраю тиллоро дар Бухоро «гаҳбандӣ» меномиданд. Фулузи интихобшударо бо болға дар болои сандон то ба ҳамвор шуданаш мекӯфтанд. Ҳар як усто барои нақшу нигор ва ороиш дар фулузи ҳамворшуда қолибҳои гуногун доштанд, ки ба воситаи онҳо нақшҳои барҷаста мегузоштанд. Омехтаи дигар фулузот бо тилло натиҷаи хуб намедод ва он зудшикан шуда, барои нақшгузорӣ мувофиқ набуд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тиллову нуқра ба ҳисоб мерафт, ки онро «тиллои ҷурғотӣ» меномиданд. Хӯлаи «тиллои ҷурғотӣ» аз 4/5 ҳисса нуқра ва 1/5 тиллои тоза таҳия мешуд, ки ранги он зарди паст буда, тобишҳои ҳар ду металлро дар бар мегирифт. Дар кори заргарон омехтаи нуқра бо мис низ истифода мешуд, ки тақрибан дар охирҳои асри ХIХ дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омада буд.

Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рузгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра;

аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо;

аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд.

Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд.

Барои ангуштарин сохтан хӯлаи тиллоро ба қолибҳои тавонак, ба монанди кори рехтагарҳо, гудохта мерехтанд. Сипас бо навъҳои сӯҳон онро соида, ҳамвор менамуданд ва ба он нигини сурх ё ягон санги гаронбаҳоро насб мекарданд.

Иттилоот

Иттилоот — (ар. اطلاعات‎ — хабар, ахбор), информа́тсия (аз лот. informātiō — «тавзеҳот, андеша, фаҳмиш дар бораи чизе», аз лот. informare — «додани афкор, шакл, омӯхтан; фикр кардан, тасаввур кардан») — маълумот оид ба муҳити атроф, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро кам менамояд.

Карон

Шаҳркадаи Карон — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Кашфи Карон ба номи бостоншиноси тоҷик, академики АИ ҶТ Юсуфшо Ёқубов нисбат дорад. Шаҳркадаи Карон дар ноҳияи Дарвоз ҷойгир шудааст.

Коса

Коса (Хатти ниёгон: کاسه) — зарфи рӯзгор барои андохтан ва нигоҳ доштани таомҳои гуногун аст. Коса аз давраҳои асри санг маълум аст. Дар Осиёи Миёна косаҳои сафолини мунаққаши мансуб ба ҳазораи дуюми то мелод ёфт шудааст. Аввалҳо косаро аз лой дастӣ месохтанд, ки нисбатан дағал буд. Дар асри биринҷӣ бо пайдоиши чархи кулоли шакл ва нақшу нигори коса такмил ва косагарӣ ҳамчун касби махсус ташаккул ёфт. Вобаста ба масолеҳ косаҳо сафолин, чинӣ, мисин, чӯбин, сирдор, бесир ва ғайра мешаванд.

Мис

Шаблон:Химические элемент кутти

Мис (Cu)

Мис дар қатори оҳан, тилло, нуқра, қалъагӣ, қурғошим, симоб аз қадимтарин металлест, ки инсон 10 ҳаз.сол муқаддам онро мешинохт ва 9 ҳаз.сол пеш дар Шарқи Наздик асри халколит (энеолит) эълон шуд. Тахминан 7 ҳаз.сол муқаддам асри мис ба Аврупо гузашт. Дар он ҷо захираи калони мис дар Кипр (ҷазираест дар баҳри Миёназамин) ба мардум маълум буд ва гумон аст, ки аз Кипр истилоҳи лотинии «купрум» пайдо шуд, вале мис («медь») аз калимаи «смида»-и қабилаҳое, ки дар минтақаи европоии собиқ Иттифоқи Шўравӣ дар асри биринҷӣ сукунат доштанд, ҳама гуна металлҳоро «Смида» меномиданд, чунки танҳо як металл-«медь» (мис)-ро медонистанду бас. Бо мурури вақт асри мис ба Осиёи Миёна, Кавказ ва дар асри 2 пеш аз мелод, то ба Украина расид.

Миси асил сурх, сурхи гулобӣ, ёзанда, мулоим, ноқил, вазнин (зичиаш 8,92 г/см3) асту дар 10830С гудохта мешавад, дар ҳавои намнок бо доѓҳои сабз пўшонида мешавад, яке аз металлҳои рангаи саноати ранга ба шумор меравад. Ин аст, ки истифодаи мис аз тамаддуни қадимаи инсоният маълумот медиҳад.

Соҳаҳои асосие, ки мис ва хўлаҳои он истифода мешаванд, электротехника ва электроника (ѓалтакҳои аппарати электрикӣ, сим, кабел, резина, қисмҳои эҳтиётии аппаратҳои радио, телевизион, телефон, тамғаҳои чопӣ), мошинсозӣ (қисмҳои двигателу шамолдиҳанда, техникаи кафшерӣ), нақлиёт (қисмҳои пайвасткунандаи қаторҳо, тепловозҳо, киштию тайёраҳо, асбобҳои бонгдиҳанда), саноати кимиё (истеҳсоли катализаторҳо, ранг, намакҳо), сохтмон, кишоварзӣ (истеҳсоли химикатҳои заҳрдор) мебошанд. Масалан, дар ИМА ва Британияи Кабир барои истеҳсоли як мошинаи сабукрав 20 кг мис истифода мешавад.

Дар баробари миси тоза хўлаҳои он: латун (то 30% руҳ дорад), биринҷӣ ё бронза (то 5-30% қалъагӣ), бронзаи алюминӣ (то 5-10 % алюминий), хўлаи сурбӣ (то 30% сурб дорад), хўлаи кремнигӣ (то 5 % кремний, хўлаи бериллий (то 3% бериллий) ва бо никел (мелхиор, нейзилбер ва Константин) дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешаванд. Аз ҷумла латун барои тайёр кардани қубурҳо, тунука, механизмҳои соат, асбобҳои амиқ; биринҷии алюминий барои сохтани қисмҳои асосии ҳаракатдиҳанда (двигателҳо)-и авиатсионӣ, приборсозӣ, истеҳсоли соат, ҷавоҳирот, асбобҳои ҷарроҳӣ дар тиб истифода мешавад.

Аз биринҷии қалъагӣ ҳайкал мерезанд, баррелеф, кандакорӣ ва зарубориро иҷро мекунанд. Масалан, 2,3 ҳаз. сол муқаддам ҳайкалтарош Харес Колосс Родосский ҳайкалчаи Худои офтоб Гелиофо, ки 32 метр баландӣ дошт, аз хўлаи мису қалъагӣ рехт, вале баъд аз 50 сол ҳангоми заминларза вай афтид ва аз нав бо хўлаи мису алюминий ҳайкалро барқарор карданд. Ҳамин тавр 1200 сол пеш буддои вазнаш 400 т. дар Тадайзӣ ва баъдтар дар Санкт-Петербург «Медный всадник» рехта шуданд.

Дар асрҳои гузашта (а.15-18) аз хўлаи биринҷӣ аслиҳаи ҷангӣ (тўп) ва барои мазҳаби славияниҳо зангўлаҳо месохтанд, аз ҷумла зангўлаҳои 40 тонна - Шоҳ-Пушка (с.1586) ва аз 200 тонн биринҷӣ Шоҳ-Зангўларо (с.1755) Андрей Чохов ва падару писар Маторинҳо бо муваффақият рехтанд, ки ҳоло дар Кремли Москав маҳфузанд. Пётри 1 дар ҷанги Полтава ба муқобили 4 танки свидҳо 72 танкҳоеро истифода бурд, ки аз зангўлаҳои мазҳаби славиянҳо сохта буданд. Мутахассисон аслиҳаи ҷанги (а.6 пеш аз милод) дар Ирон, Туркия ва Месопотомия аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намуда, ба хулосае омаданд, ки калимаи «бронза» (биринҷӣ), ба сифати истилоҳ баъд аз истеҳсоли хўла пайдо шудааст. Дар ибтидо «бронза» маънои мис аз Брундизия («медь из Брундизия)-ро дошт. Брундизӣ деҳаи портӣ дар соҳили баҳри Адриа воқеъ аст, ки дар он ҷо металли мис савдо мекарданд ва металлургҳои брундизӣ истеҳсоли биринҷиро аз худ намуданд. Номи биринҷӣ аз калимаи тағйирёфтаи туркӣ, номи маҳаллаи Брундизӣ пайдо шудааст.

Дар он вақт маркази металлургия дар шаҳрҳои Аврупо ва Осиё дари хешро боз намуда, гудохтани биринҷӣ авҷ мегирифт ва аслиҳаи ҷангӣ, табар, досу болға, корд ва асбобҳои лозими дигар месохтанд.

Аз 240 минерали мис миси асил (100% мис), халкопирит-CuFeS2 (34-35%), ковеллин-CuS (66,4%), борнит-Cu5FeS4 (55-69%), халкозии –Cu2S (80%), куприт-Cu2S (89%), малахит-Cu2(OH)2CO3 (57%), азурит – Cu3(OH)2 [CO3]2 (56-69%), хризоколла-Cu8(OH)8(H2O)4 [Si8O20]•8 H2O (36%), сулфосолҳо (56-69%) дар таркибашон мис доранд.

Аз конҳои ҷаҳонии мис аз 95 мамлакат 1,6 млрд.т. (01.01.2005 с.) ошкор шуда, 75% онҳо ба 11 мамлакат рост меояд: Чилӣ (24,6%), ИМА (6,4%), Перу (6,1%), Русия (5,8%), Хитой (5,7%), Замбиё (5,2%), Австралия (4,2%), Мексика (4,1%), Индонезия (3,7%), Полша (3,6%) ва Қазоқистон (3,1%).

Захираи умумии маъданҳои мис 1,22 млрд.тоннаро (01.01.2005 с.) дар бар мегирад, аз ҷумла: Чилӣ (29,5%), Русия (6,8%), ИМА (%,7%), Хитой (5,2%), Перу (4,9%), Полша (3,9%), Австралия (3,5%), Мексика (3,3), Индонезия (3,1%), Замбиё (2,9%) ва Конго, Монголия, Қазоқистон, Канада, Ўзбекистон, Бразилия, Аргентина ва Перу.

Захираи иктишофшудаи ҷаҳон ба 637 млн.т. рост меояд. Захираи калонтарин дар Чилӣ (22%), ИМА (5,5%), Перу (4,7%), Мексика (4,2%), Бразилия (3,5%) макон дорад. Аз ҳама бойтарин маъданҳои мис дар таркиби регсангҳои мисдори Конго (4% миқдори мис), Замбия (2,8%) ва конҳои колчедани мис дар Австралия (2,4%), миқдори ками мис дар Мексика (0,5%) ва Қазоқистон (0,68%)-конҳои мисупорфир мебошанд.

Гудохтани мис дар 37 кишвари ҷаҳон 12,38 млн.т. (с.2005) буда, Ҷапон, Чилӣ, Хитой 30%-и онро дар бар мегиранд.

Истеҳсоли миси тоза 16,58 млн.т.( с.2005) мебошад, вале талабот ба он 15,5 млн.т. (с.2005) рост меояд.

Содироти умумии мис 7 млн.т., воридот 7,7 млн.т. аст. Содирот аз мамолики рўбатарақкӣ, воридот – тарақкикарда. Содироти калонро Русия (– 500-700 ҳаз.т.) иҷро мекунад.

Арзиши миси тоза солҳои 1990-1997 ба 2300-2900 долл./т., солҳои 2004-2005 аз 2865 долл./т. то 3680 долл./т., солҳои 2006-2007 нарх ба 6500-8000 долл./т. рост омад.

Заминаи ашёи минералии саноати Русия аз рўи сифат аз саноати Аврупо монданӣ надорад ва ба талабот ҷавобгў мебошад. Захираҳои дурнамои мис 9,8 млн.т. мебошад.

Дар Русия мисро асосан аз конҳои сулфиди мису никел (70-75%), комплекси полиметаллҳо, колчедани мис ва мису руҳ (20-25%) истихроҷ мекунанд. Истихроҷи мис дар Русия 5% аз истихроҷи ҷаҳонӣ бартарӣ дорад, аз кони Норилс ки 62%, региони Урал (Туринское) 34,5% мис истихроҷ намуда, 37 конро дар бар мегирад. Никели Норилск 61% истеҳсоли мис ва гудохтани миси тоза 54% дар Урал ва Таймир ба қайд гирифта шудааст. Содироти никели Норилск 85% содироти миси Русияро дар бар мегирад.

Саразм

Шаҳркадаи Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Тилло

Шаблон:Химические элемент кутти

Тилло (Зар) (Au) — элементи гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д.И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тилло - метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.

Тилло яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо мӯҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тиллоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тилло, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тиллоро Офтоб «қурси калону дурахшони тилло» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тилло рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хизмат мекард. Парастиши тилло чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин, тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тилло истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тилло дар Русия (с. 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тиллоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тилло дар қишри замин ҳамагӣ 5•10-7%-ро ташкил мекунад.

Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тилло сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тиллогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тилло ва маргниқоби тиллоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тилло ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тиллоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав - ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд.

Дар давраи кашфиётҳои географӣ (с. 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар тӯҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тилло, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ – бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд.

Ҳоло дар пойтахти Колумбия ш. Богото дар Осорхонаи тилло 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тилло дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тиллоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тиллоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шӯъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тилло сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тиллоиро гирифта ба осорхона супориданд.

Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тилло бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд.

Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тиллоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Кир огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тиллоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад.

Дар асри XVII тангаҳои тиллоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд.

Тилло металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 - 19,2 г/см3), мулоим (сахтиаш - 2,5-3), дар ҳарорати 10630С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тиллоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76% тилло, электроника 9%, стоматология 3%, сиқкакунии тангаҳо 4% ва дигар соҳаҳои 8%, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тиллоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд.

Бо тилло мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тиллоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тиллоиро медавонанд, бо тилло рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тилло сарф мешавад.

Юсуфшо Ёқубов

Юсуфшо Ёқубов - олим, доктори илми таърих (1988), профессор. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶТ (2017).Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999)., академики Академияи илмҳои ҶТ (2017).

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.