Ал-Қонун

«Ал-қонун фи-т-тиб»-и (Қонун дар тиб (форсӣ: قانون در طب‎) Абӯалӣ Сино - яке аз донишномаҳои бузургтарини соҳаи илми тиб мебошад. Бузуртарин донишномаи ҷаҳон, «Ал-қонун» дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XX барои таълими пизишкон истифода бурда шудааст.

«Ал-қонун» соли 1473 дар Милан, ҳамон сол дар олам 15 маротиба, соли 1593 матни арабиаш дар Рим, садаи XV дар шаҳрҳои гуногуни олам 16 маротиба, садаи XVI 20 маротиба ба забони бисёр халқҳо интишор гардидааст.

«Ал-қонун» аз панҷ китоб иборат аст:

  1. Китоби якум – ба фанни тиб, вазифаҳои он, сабаби ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ бахшида шудааст.
  2. Китоби дуввум – ба олами набототи шифобахш бахшида шуда, дар он 810 намуди дорувориҳо, хусусият ва тарзи истифода бурдани онҳо сухан меравад.
  3. Китоби севвум – оид дар баъзеи аъзои организми одам пайдо шудани касалиҳо, муайян кардан ва табобати ин касалиҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.
  4. Китоби чаҳорум – дар хусуси касалиҳои умумӣ, таб, шуш, табобати ин ҷароҳот ва ѓайра ривоят мекунад.
  5. Китоби панҷӯм – дар хусуси тайёр кардани доруҳои мураккаб маълумот медиҳад.

Донистаниҳо

Тарҷумаи форсиӣ «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ Сино дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Avicenna - Canon of Medicine
Avicenna canon 1597
Canon-Avicenna-small
Pharmacy, canon of avicenna manuscript
IbnSinaCanon1
IbnSinaCanon2
IbnSinaCanon3
IbnSinaCanon4

Дастхати «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ Сино

Манбаъ

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Абуубайди Ҷузҷонӣ

Абуубайди Ҷузҷонӣ Абдулвоҳид ибни Муҳаммад (ابو عبيد جوزجانی ) ? – 1047, Ҳамадон) — олим ва донишманди форсу тоҷик, яке аз машҳуртарин шогирдон ва мулозимони Ибни Сино.

Балнеология

Балнеология (лот. balneum — ҳаммом, оббозӣ ва … логия) — як соҳаи илми тиб, ки таркиби обҳои шифобахш, моҳияти обшифоӣ ва таъсири обро ба организми одам меомӯзад.

Балнеология аз бахшҳои гуногун таркиб ёфтааст, чунончи дар тавсифу омӯзиши курортҳо, муолиҷа бо оби минералӣ, таҳқиқи хо­сиятҳои кимиёии обҳои мухталиф аз ҷумла минералӣ, ҳиф­­зи оби минералӣ ва истифодаи босамари он ва амсоли ин.

Об, ҳамчун манбаи ҳаёт, ҳамеша бо тамаддуни инсоният алоқаи ногусастанӣ дошт. Одамон ба оби рӯҳафзои дарёву чашма аз қадимулайём таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд, хусусияти шифобахшии обҳоро медонистанд ва истифода мебурданд. Дар оғози тамаддуни аврупоӣ таҷ­ҳи­­­зоти шустушӯю оббозӣ хеле сода буданд. Бинобар кам будани об онро сарфа мекарданд. Одамон, асосан, аз обзану душҳои хунук истифода мебурданд. Афлотун дар мавриди тавсифи давлати идеалии худ обзанҳои гармро фақат барои пирсолону маризон иҷозат дода буд. Асри 5 то м. дар ҳудуди вулканҳои Юнону ҷаз-ҳои ҳам­шафати он истифодаи обзанҳои минералии гарм анъана шуд. Бисёр чашмаҳои шифобахш муқаддас дониста мешуданд. Сокинони Рим дар баҳр ё дарёи Тибр оббозӣ мекарданд. Одамони сарватманд дар хонаҳои худ ҷойҳои махсуси шустушӯй бунёд менамуданд; барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ҳаммомҳои умумӣ сохта мешуданд. Табобат бо обҳои шифобахш ба ҷузъи таркибии зиндагии римиён табдил ёфт. Оби гарме, ки аз чашмаҳо фаввора зада мебаромад, бо мақсади рафъи бисёр бемориҳо истифода мешуд. Дар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна шустушӯ дар ҳаммом одати маъмулӣ буд. Одамони сарватманд ваннаҳои чӯбини худро ба шутурҳо бор карда, ба сафар мебаромаданд. Ҷанговарон барои оббозӣ чоҳ кофта, онро тахтабандӣ ва бо оби гарм пур мекарданд. Қа­ламрави Осиёи Марказӣ низ бо чашмаву обҳои шифобахши худ шуҳрати беандоза дорад. Танҳо дар ҳудуди То­ҷикистон зиёда аз 200 чашмаи шифобахши обашон ху­­нуку гарм мавҷуданд. Абуалӣ ибни Сино дар «ал-Қо­нун» оид ба аҳаммияти гармоба ва баёни гармобаҳо ме­гӯяд: «Ҳар касе, ки фарбеҳӣ бихоҳад, бояд баъд аз таом гармоба биравад… Агар касе ҳалшавию лоғар шудан бихоҳад, бояд бо шиками гурусна гармоба кунаду андар он бисёр бимонад… Аз якбора берун шудан аз гармобаву баъди он сарро бараҳнаву танро дар маърази сардӣ гузоштан эҳтиёт бояд кард, балки дар айёми зимистон, ҳан­гоми беруноӣ аз гармоба бо ҷомаҳои гарм худро бояд бипечид. Касоне, ки ба ҳоли табанд ё ба гусастагии пайвастагию омос гирифторанд, бояд аз гармоба парҳез ку­нанд…». Дар ҷои дигар роҷеъ ба шустушӯ бо оби сард гуфтааст: «Оби сард касеро хуб аст, ки тадбираш аз ҳама ҷиҳат баҷой бошад. Син, қувват, гармӣ ва фасли он ҳама созгор буда, ба хомии ғизо, қай, исҳол, бехобӣ ва назлаҳо гирифтор набошад… Оби сардро гоҳе аз барои қавӣ гардонидани пӯсту нигоҳ доштани гармӣ аз паси оби гарм ба кор баранд. Агар чунин хоста бошанд, об набояд сахт сард, балки миёна бояд бошад…»

Таҳқиқи обҳои шифобахши Тоҷикистон таърихи дерина дорад. Соли 518 сайёҳони чинӣ Хой-Сэн ва Сун-Юн, баъдтар Хюэн-Сен (с. 664) Помирро дида, дар бораи обҳои минералии он маълумоте додаанд. Соли 1272 Марко Поло, с. 1602 Петер Бенедикт Гоес ба Помир омада, дар баробари олами ҳайвоноту наботот, макони обҳои шифобахш будани ин сарзаминро қайд кардаанд. Дар таҳқиқоти минбаъдаи балнеологии қаламрави Тоҷикис­тон Б. А. Федченко, Н. И. Берёзкин, Е. Г. Андреев, К. П. Арихбаев, М. В. Лавров, Г. И. Жуков, Е. Т. Исоева, П. Т. Зоиров, И. О. Қосимов ва диг. саҳми назаррас гузош­таанд.

Биокимиё

Биокимиё, кимиёи биологӣ — илмест, ки таркиби организмҳои зинда, тарзи дар онҳо ҳосил шудан ва аҳаммияти биологию физиологии моддаҳои кимиёиро меомӯзад.

Биокимёро шартан ба Биокимиёи микробҳо, Биокимиёи рустанӣ, Биокимиёи ҳайвонот ва одам ҷудо мекунанд. Б. аз лиҳози таҳқиқот ба Биокимиёи оморӣ (таркиби организмҳоро таҳқиқ мекунад), Биокимиёи динамикӣ (мубодилаи моддаҳоро меомӯзад) ва Биокимиёи вазифавӣ (омӯзиши аксуламалҳои кимиёии узвҳо дар асоси падидаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётӣ) тақсим мешавад. Бисёр амалиёти кимиёӣ (нонпазӣ, шаробкашӣ, чармгарӣ ва ғ.) ба инсон аз замонҳои қадим маълуманд. Абуалӣ ибни Сино дар «ал-Қонун» 811 навъи доруҳои гуногунро тавсиф намудааст, ки 70-тои онҳо то имрӯз истифода мешаванд. Ӯ мубодилаи ғизоро шарти асосии ҳаёт мешуморид. Биофилтр чун илм а. 17 ба вуҷуд омадааст. Дар пешрафти он саҳми ятрокимиёдонҳо — табиб ва табиатшиноси олмонӣ Ф. Паратселс, олими ҳолландӣ Ф. Силвий ва дигарон., ки оид ба шираи меъда, талха ва ҷараёни турушшавӣ пажӯҳишҳо анҷом додаанд, бузург аст. Кашфиётҳои бузурги а. 18 ва аввали. а. 19 дар соҳаи физика ва кимиё (кашфи пайвастҳои кимиёӣ, қонуни нигаҳдории материя ва энергия, ферментҳо — амилаза, пепсин, трипсин, креатин ва ғ.), муқаррар шудани нафаскашии рустаниҳо, ба вуҷуд омадани мафҳуми катализатор ва ғ. барои ташаккули баъдинаи Биокимиё. заминаи мусоид фароҳам оварданд. Биокимиё. дар а. 20 бинобар омӯзиши таркиби аминокислотаҳо, сохти полипептидии сафеда, миоглобин, гемоглобин ва кислотаҳои нуклеат (КДН ва КРН), мубодилаи сафеда, карбогидратҳо ва чарб дар организм, инчунин истифодаи усулҳои ҷадиди физикавии таҳқиқот (спектрометрия, хроматография, индикаторҳои изотопӣ, микроскопияи электронӣ ва ғ.) ба комёбиҳои беназир ноил гашт. Муқаррар шудани фотосинтез барои дар шароити сунъӣ аз CO2 ва H2O бо ширкати нури Офтоб ҳосил намудани пайвастҳои органикӣ имкон ба вуҷуд овард. Солҳои охир олимон роҷеъ ба масъалаи аз CO2, H2O ва намакҳои аммоний бо истифода аз нерӯи атомӣ ҳосил кардани моддаҳои ғизоӣ кӯшиш доранд.

Дар рушди Биохимиё олимон Э. Буркло, Р. Вилштеттер, А. Гоффан, М. С. Свет, К. А. Тимирязев, И. П. Бородин, В. И. Паладин, С. П. Костичев, А. Н. Бах, А. И. Опарин, В. А. Кретович, В. А. Энгелгард, А. М. Белозёрский ва диг. саҳми арзанда гузоштанд. Кашфиёти С. П. Костичев оид ба мубодилаи анаэробии карбогидратҳо ва нафаскашии рустанӣ, тадқиқоти К. А. Тимирязев дар бораи фотосинтез, оксидшавии биологӣ, мубодилаи нитроген ва карбамид дар рустанӣ далели масъалаҳои назарию амалии биология, кимиё ва тибро дар бар гирифтани Биохимиё аст. Биохимиё ҳамчунин ба Биохимиёи тиббӣ (равандҳои кимиёии мубодилаи моддаҳоро дар организми одамони солим ва бемор меомӯзад), Биохимиёи техникӣ ва саноатӣ (масъалаҳои истифодаи ашёи хом, маҳсулнокии зироат, технологияи шаробкашӣ ва ғайраро таҳқиқ менамояд), Биохимиёи гормонҳо (таркиби кимиёӣ, механизми таъсир ва аҳаммияти гормонҳоро барои организм меомӯзад), Биохимиёи витаминҳо (илм дар бораи таркиб ва аҳаммияти витаминҳо дар мубодилаи моддаҳо), Биохимиёи энзимҳо (таълимот дар бораи сохт ва хосияти физикавию кимиёии ферментҳо) ва ғ. ҷудо мешавад. Таҳқиқоти биокимиёиро дар истеҳсолоти вита­минҳо, гормонҳо, антибиотикҳо, консервакунии маҳсулот ва ғ. фаровон истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистон пажӯҳишҳои биокимиёӣ солҳои 40 а. 20 дар Озмоишгоҳи биологии Помири АИ Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Таҳқиқоти аввалин қонуниятҳои пайдоиши моддаҳои органикиро ҳангоми фотосинтез ва мубодилаи карбогидратҳо дар баъзе рустаниҳои Помир дар бар мегирифтанд. Аввалин солҳои 60 а. 20 мавзӯи таҳқиқоти биокимиёӣ хеле афзуд. Таркиби кимиёии рустаниҳои хӯроки чорво дар баландиҳои гуногун, ғизогирӣ ва мубодилаи моддаҳо дар рустаниҳои ситрусӣ, дарахтони мева ва сабзавот дар шароити Тоҷикистон омӯхта шуданд. Дар инкишофи Биохимиёи рустанӣ саҳми олимони тоҷик Ю. С. Носиров, Х. Ҳ. Каримов, М. М. Ёқубова, К. А. Алиев ва дигар. намоён аст. Бо ташаббуси акад. Ю. С. Носиров ташкил ёфтани лаби биофизикаи рустаниҳо (1960) ва минбаъд ба шӯъбаи мустақил (1962) ва Институти таҳқиқоти илмӣ (1964) мубаддал гаштани он барои рушди Биохимиёи рустанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Оид ба Биохимиё дар як қатор муассисаҳои тадқиқоти илмии дигари ҷумҳурӣ (Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳо, Институти биологияи Помир, Институти гастроэнтерология) ва кафедраҳои биокимиёи донишгоҳҳо (ДМТ, ДДОТ, ДДТТ ва ғ.) низ тадқиқоти назаррас анҷом меёбанд.

Гиёҳшиносӣ

Гиёҳшиносӣ ё бота́ника (юн.-қад. βοτανικός — «иртибот бо рустанӣ», от βοτάνη — «сабза, гиёҳ, рустанӣ») — маҷмӯи илмҳо дар бораи наботот. Сохт, афзоиш, инкишоф, густариш ва таoаввулу таснифи рустаниҳоро меомузад. Морфология, анатомия, ситология, гистология, эмбрио­логия, физиология, экология, геоботаника, география, па­леоботаника, систематика ва биохимияи рустаниҳоро дар бар мегирад. Ба илмҳои зерин ҷудо мешавад: алгология, микология, лихнология, бриология, микробиология, фи­топатология ва ғайра; бо бисёр илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физика, кимиё, кибернетика, геология, география, тиб алоқаи ногусастанӣ дорад.

Донишнома

Донишнома (форсӣ: دانشنامه‎), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш, пайдейя) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (Энсиклопедияи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (Энсиклопедияи соҳавӣ) дониш медиҳад.

Зистшиносӣ

Зистшиносӣ (форсӣ: زیست‌شناسی‎), биоло́гия (юн. βιολογία; аз юн.-қад. βίος — «ҳаёт» + λόγος — «омӯзиш, илм» — як соҳаи илм, ки ҳаётро меомӯзад.

Мавзуъи таҳқиқи зистшиносӣ сохт ва фаъолияти мавҷудоти зинда, пайдоиш, паҳншавӣ, инкишоф ва алоқаи онҳо бо табиати ғайризинда мебошад. Истилоҳи «биология»-ро соли 1802 олимони фаронсавӣ Ж. Б. Ламарк ва олмонӣ Г. Р. Тревиранус (новобаста аз ҳамдигар) пешниҳод кардаанд. Зистшиносӣ бо бисёр илмҳо ва фаъолияти инсон алоқаи зич дорад. Барои тасвир ва таҳқиқи равандҳои биологӣ дастовардҳои илмҳои кимиё, физика, математика, техника, геология, география, геокимиё ва ғ. истифода мешаванд. Нимаи дувуми асри 20 зистшиносӣ хеле тараққӣ кард. Пешрафти зистшиносӣ барои ташаккули давра ба давраи ақидаҳо дар хусуси пайдоиши ҳаёт заминаи мусоид фароҳам овард. Зистшиносӣ дар шинохтани одам ва мавқеи ӯ дар табиат аҳаммияти бағоят бузург дорад.

Ибни Сино

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур бо номи Абӯалӣ Сино (порсӣ: ابوعلى سينا; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик

аст.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мизоҷ (равоншиносӣ)

Мизоҷ, сиришт, ниҳод, табиат, хулқ (лот. temperamentum) — хусусияти ботинии табиии одам, мувофиқи назарияи тибби қадим ва тибби халқии як қатор мамлакатҳои Шарқ сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа) – оташ, бод, хок ва об ба ҳам мерасад.

Пайкараи Абӯалӣ Сино

Пайкараи Абӯалӣ Сино - ба яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони асри XI, дар майдони ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе.

Яке аз маҷмааҳои меъморӣ-фарҳангии шаҳри Душанбе.

Рӯихати Энсиклопедияҳо

Рӯихати Энсиклопедияҳо:

Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи советии тоҷик;

Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон;

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик;

Энсиклопедияи Британика

«Бундаҳиш»,

«Динкард»,

«Ал-Қонун»

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Каробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чашмпизишкӣ

Чашмпизишкӣ, Офталмология (калимаи юнонӣ: ὀφθαλμός «чашм» + λόγος «таълимот, илм») — яке аз соҳаҳои тиб, ки ба омӯзиши чашм, анатомия, физиология, бемориҳои он ва таҳияи усулҳои табобат ва пешгирии бемориҳои чашмро дар бар мегирад.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.