Аврупои Ғарбӣ

Аврупои Ғарбӣ — мафҳуми ҷуғрофиест, барои муаянкунии гурӯҳҳои мамолики Аврупоӣ аз рӯи нишонаҳои сиёсиву фарҳангиву ҷуғрофӣ. Солҳои "Ҷанги сард" ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ узви паймони НАТО, ва кишварҳои аврупои шарқиро узви паймони Созмони Шартномаи Варшава (ОВД) (то соли 1991) ташкил медоданд.

Баъд аз пароканда гардидани паймони Созмони Шартномаи Варшава (ОВД), дар Аврупо минтақаҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва марказӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳамин минтақаҳо кишварҳои Аврупои шарқи ва ғарбӣ дохил гардиданд.

Номгузорӣ
(Номгузории расмӣ)
Парчам Пойтахт Забон Асъор Масоҳат
км²
Ҷой
в мире
Аҳолӣ
человек
Плотность
наф./км²
ММД аз рӯи ҚПХ
(млрд. $)[1]
ВВП по ППП
на душу населения $[2]
Харита
Утриш
(Ҷумҳурии Утриш )
Flag of Austria.svg Вена олмонӣ Евро 83,871
113
8,507,786
101.4
441.0
50,000
LocationAustria
Белгия
(Шоҳигарии Белгия)
Flag of Belgium.svg Брюссел олмонӣ;
нидерландӣ;
фаронсавӣ
Евро 32,545
136
11,203,992
344.3
529.2
46,600
LocationBelgium
Бритониё
(Подҳоҳии Муттаҳидаи
Бритониё ва
Ирландияи Шимолӣ)
Flag of the United Kingdom.svg Лондон инглисӣ Фунт стерлинг 244,820
78
64,308,261
262.7
2,925.0
44,300
LocationUnitedKingdom
Олмон
(Ҷумҳурии Федеративии Олмон)
Flag of Germany.svg Берлин олмонӣ Евро 357,022
62
80,780,000
226.3
4,199.0
50,800
LocationGermany
Ирландия
(Ҷумҳурии Ирландия)
Flag of Ireland.svg Дублин ирландӣ;
инглисӣ
Евро 70,273
118
4,604,029
65.5
353.3
73,200
LocationIreland
Лихтенштейн
(Княжество Лихтенштейн)
Flag of Liechtenstein.svg Вадутс олмонӣ Франки Швейсария 160.4
189
37,129
231.5
5.0
139,100
LocationLiechtenstein
Люксембург
(Герсогигарии Бузурги Люксембург)
Flag of Luxembourg.svg Люксембург люксембургӣ;
олмонӣ;
фаронсавӣ
Евро 2,586.4
167
549,680
212.5
62.1
105,100
LocationLuxembourg
Монако
(Князигарии Монако)
Flag of Monaco.svg Монако фаронсавӣ Евро 1.95
193
38,066
19,521.0
7.7
115,700
LocationMonaco
Нидерланд
(Шоҳигарии Нидерланд)
Flag of the Netherlands.svg Амстердам нидерландӣ Евро 41,526
132
16,887,700
406.7
924.4
53,900
LocationNetherlands
Фаронса
(Ҷумҳурии Фаронса)
Flag of France.svg Порис фаронсавӣ Евро 547,030
48
63,928,608
116.9
2,856.0
44,100
LocationFrance
Швейсария
(Конфедератсияи Швейсария)
Flag of Switzerland.svg Берн олмонӣ;
италянӣ;
ретороманӣ;
фаронсавӣ
Франки Швейсария 41,290
133
8,136,689
197.1
523.1
62,100
LocationSwitzerland

Эзоҳ

  1. Country comparison: GDP (purchasing power parity). Всемирная книга фактов ЦРУ
  2. Country comparison: per capita GDP (purchasing power parity). Всемирная книга фактов ЦРУ
Аврупои Шарқӣ

Аврупои Шарқӣ — аз нигоҳи ҷуғрофӣ Аврупоӣ марказӣ ва шимолу шарқӣ аст, ки аҳолии он асосан халқи славянӣ аст, ки 2/3 ҳиссаи ҳудуди минтақаи Евросиёро фаро мегирад.

Аврупои Шарқӣ — дар минтақаи байни Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷойгир аст, ки бо хусусиятҳои хеш ба Византия, ки зери таъсири пурзӯртарини имперотурии Усмонӣ монанд мебошад. Аз ин рӯ, ҳатто дар давраи мустамликадории Аврупои Ғарбӣ нисбат ба Англия ва Фаронса танҳо Русия, Олмон ва Австрияро, ки асосан дар шарқи дарёи Элба буданд, ҳамчун империя ба мазмуни пурраи калима баррасӣ намудан мумкин аст . Империяҳои Шарқро ба тамаддунҳои Ғарб доимо мавриди мухолифат буд.

Таърифи дигар дар давраи Ҷанги сард ба вуҷуд омада буд ва бо шарофати калимаи « Блоки Шарқӣ» истифода мешуд . Бо ин таъриф, ҳамаи кишварҳои сотсиалистии аврупоӣ Аврупои Шарқӣ дарназар буд. Баъзан ин давлатҳоро ба кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ тақсим мекунанд.

Мувофиқи шарҳи СММ, кишварҳои зерин дар Аврупои Шарқӣ мебошанд:

Белорус

Булғористон

Венгрия

Молдавия

Полша

Русия

Руминия

Словакия

Украина

ЧехияДар робита ба нигоҳи сиёсӣ Аврупои Шарқӣ пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, он кишварҳои аврупоӣ, ки ба таъсири шӯравӣ афтодаанд, аз он ҷумла: Булғористон, Руминия, Венгрия, Чехословакия, Полша ва Ҷумҳурии Демократии Олмон иборат буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсиси Балтика низ ҳамчун қисми Аврупои Шарқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, гарчанде ки баъзан кишварҳои Балтикаро аз Аврупои Шарқӣ ҷудо баррасӣ мекунанд .

Дар манбаъҳои нави олмонӣ, ҳатто давлатҳои Балкан ба Аврупои Шарқӣ тааллуқ доранд :

Албания

Сербия

Словения

Монтенегро,ва Transcaucasian:

Озарбойҷон

Арманистон

ГурҷистонМувофиқи нигоҳи ҷуғрофӣ, Аврупои Шарқӣ бо қаламрави Аврупои Шарқӣ муайян шудааст. Илова бар ин, Полша, давлатҳои Балтика, Украина ва Беларус, ва инчунин ба ҳудудуди Аврупои Шарқӣ Финляндия, Булғория ва ҳатто 13% қаламрави Қазоқистонро дар бар гиранд .

Амфисбенаҳо

Амфисбенаҳо (лот. Amphisbaenidae, аз юн. amphis — аз ду тараф ва baino — меравам;) — навъе аз хазандаҳо. Тақр. 140 намуд доранд.

Амфисбенаҳо дар Америкаи Ҷанубӣ, Мексика, Африка, Аврупои Ғарбӣ паҳн гаштаанд. Хусусан амфисбенаҳои ҷинси Amphisbaena сершуморанд (100 намуд мебошанд). Амфисбенаҳо бештар ҳаёти зеризаминӣ доранд. Ҷонварони кирмшакл буда, дарозиашон ба 35-70 см мерасад. Чашмони амфисбенаҳо дар зери пӯст ҷой гирифта, зоҳиран доғҳои тираро мемонанд. Думашон хеле кӯтоҳ аст; бештарашон по надоранд. Ғизои амфисбенаҳо ҳашарот, ҳазорпоён, арза (навъи кирм) ва дигар мавҷудоти бемӯҳра мебошанд. Дар зери замин то 2-6 дона тухм мегузоранд.

Ассамблеяи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ

Ассамблеяи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ(АИАF)

Ассамблеяи парламентии Аврупо оид ба амният ва мудофиа, ташкилоти парламентии байналмиллалӣ. Соли 1955 мутобиқи Мувофиқатномаи с. 1954 Париж таъсис дода шудааст. Мақсаду мароми ин ташкилот: баррасии масъалаҳои марбут ба амният ва мудофиа, ташкили фаъолияти Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ ва безараргардонии мухосиматҳо; таъмини иштироки қувваҳои мусаллаҳ ва жандармерияи мамлакатҳои узви фаъолияти байналмилалии ҳифзи сулҳ. Мақоми роҳбарикунандаи ин ташкилот Бюро буда, аз раис ва муовини ӯ иборат аст. Соли 2004 байни Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва АИАF шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аҳдномаи Брюссел

Аҳдномáи Брюссел (англ. Brussels Treaty) — шартнома дар бораи фаъолияти якҷо дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва худмудофиаи дастаҷамъӣ, ки 17 марти 1948 ба тасвиб расида, мутобиқи Аҳдномаи Париж аз 23 октябри 1954 ба он тағйирот ворид гардидааст.

Баҳри Шимолӣ

Баҳри Шимолӣ (фр. Mer du Nord, олмонӣ: Nordsee, ҳол. Noordzee, Шаблон:Lang-fy, англ. North Sea, норвегӣ: Nordsjøen, дан. Nordsøen или Vesterhavet) — баҳри канории Уқёнуси Атлантик, дар соҳилҳои Аврупои Шимолӣ, байни ҷазираҳои Британияи Кабир, Оркней, Шетланд.

Дар Ш. ба воситаи гул-ҳои Скагеррак, Каттегат, Белти Калон ва Хурд, Эресуни бо Баҳри Балтика пайваст буда, дар Шим. бо Баҳри Норвег ҳамҳудуд аст. Аз Ҷ. Ғ. онро гул-ҳои Па-де-Кале ва Ла-Манш бо Уқёнуси Атлантик пайвастаанд. Масоҳ. бо халиҷи Скагеракк 544 ҳазор км². Умқи миёнааш 96 м. Ҷойи амиқтаринаш (дар самти Баҳри Норвег) то 809 м, дар қисми ғарбӣ (Эдинбург) бештар аз 450 м. Дар тунукобаи қоравӣ воқеъ аст. Релйефи қаъри Б. Ш. ноҳамвор. Ба он д-ҳои Рейн, Элба, Везер, Шелда, Эмс, Маас ва Темза мерезанд. Шӯрии об-31-35 дарсад. Иқлими баҳр муътадил; тобистон салқин, зимистон кӯтоҳ ва нисбатан нарм. Ҳавояш сермеғи тағйирёбанда. Аз ноябр то март тӯфонҳо ба амал меоянд. Ҳарор. миёнаи февр. аз 00С то 50С, авг. аз 150С то 170С, зимистон то −230С. Миқдори боришоти солона 600—1000 мм. Канорҳои баҳр аз дек. то март ях мебандад. Ҳарор. миёнаи сатҳи об февр. аз 20С дар резишгоҳи Скагеракк то 7,50С, авг. аз 12,50С то 180С. Дар Б. Ш. тахминан 300 навъи рустанӣ ва зиёда аз 1500 навъи ҳайвоноти обӣ мавҷуд аст. Б. Ш. роҳи муҳимми обӣ, чорроҳаи баҳрии дунё буда, тариқи он нафт, ангиштсанг, маъдани оҳан, чӯб, коғаз, мошин ва ғ. кашонда мешаванд. Аз назди соҳилҳои Норвегия, Дания, Шотландия ва Британияи Кабир нафту газ ва ашёи хоми карбогидрад истеҳсол мекунанд. Б. Ш. яке аз манбаъҳои бузургтарини моҳидории Аврупои Ғарбӣ буда, дар як сол бештар аз 4 млн т равғанмоҳӣ, шӯрмоҳӣ, палтус ва харчангҳои баҳрӣ (креветки) шикор мекунанд. Бандарҳои бузургтаринаш: Амстердам, Роттердам (Нидерландия), Антверпен (Белгия), Гамбург, Бремен ва Вилгелмсхафен (Олмон), Лондон, Гулд ва Нюкасл-аон-Тайн, Халл (Британияи Кабир), Осло, Берген (Норвегия), Гётеборг (Шветсия).

Белгия

Белгия (/ˈbɛldʒəm/) (ҳол. België, МФА: [ˈbɛlɣijə]; фр. Belgique, олмонӣ: Belgien), номи расмии пурра — Шоҳигарии Бе́лгия (ҳол. Koninkrijk België, фр. Royaume de Belgique, олмонӣ: Königreich Belgien) — давлат дар Аврупои Ғарбӣ.

Белгия дар шимол бо Нидерланд, дар шарқ бо Олмон, дар ҷанубу шарқ бо Люксембург, дар ҷануб ва ҷанубу ғарб бо Фаронса ҳамсарҳад буда, қисми ғарбиаш соҳили Баҳри Шимолӣ аст. Масоҳаташ 30,5 ҳазор км2, аҳолиаш 11,190,845 нафар (2015), зичии аҳолӣ – 344 нафар/км2. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (21 июл), воҳиди пул– евро (аз с. 2002, аввалӣ – франки Белгия). Пойтахташ – Брюссел. Шаҳрҳои бузургтаринаш: Антверпен, Гент, Шарлеруа, Лйеж, Брюгге.

Бестселлер

Бестсе́ллер (англ. best seller, аз best — беҳтарин, аз ҳама хубтарин ва sell — фурӯхта шудан) — китоберо гӯянд, ки аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шуда, бо адади зиёд нашр мешавад ва бозоргир аст (ба тезӣ фурӯхта мешавад).

Мафҳуми бестселлер дар охири асри 19 дар ИМА пайдо шудааст. Баъзан дар натиҷаи аз ҳад зиёд реклама кардан китоб ба бестселлер табдил меёбад. Ба қатори бестселлерҳо осори адабиёти нависандагони бузурги ҷаҳонӣ, мас., Э. Ҳемингуэй (осори адабиёти ҷиддӣ) ва осори дар навъи детектив (моҷароҷӯйӣ, саргузаштӣ, фантастикӣ-хаёлӣ ва ғ.) эҷодгардида дохил мешаванд. Як роҳи ба Б. табдил ёфтани китоб намоишу муаррифии он ба тариқи реклама мебошад. Дар Амрико ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ варақаҳо, маҷаллаҳо, газетаҳое вуҷуд доранд, ки дар саҳифаҳояшон номгӯи ду қисм китобҳо: 1) fiction — адабиёти бадеӣ ва 2) non-fiction — адабиёти ғайрибадеиро чоп карда, ба хонандагон пешниҳод менамоянд.

Бӯшаҳрӣ

Бӯшаҳрӣ (Rhododendron) — гули маҳин, як ҷинси бутта, баъзан дарахти қадпасти ҳамешасабз ё хазонрез. Дар олам қариб 100 намуди Б. парвариш карда мешавад, ки аксари онҳо заҳрноканд. Бӯшаҳрӣро барои ороиш алоҳида-алоҳида ё якҷо мешинонанд. Дар ғурӯшахоки туршиаш баланд нағз месабзад. Намудҳои гуногуни Б. дар кӯҳҳои Осиёи Шарқӣ, Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Шимолӣ, Қафқоз, Сибир ва Шарқи Дур дучор меояд. Дар Тоҷикистон Бӯшаҳриро дар боғҳои ботаникӣ мепарваранд. Барги дурушти кӯтоҳдумча, гули дуҷинсаи қифшакли зард, гулобӣ ё бунафш, меваи панҷпалла, тухми майда (дарозиаш 0,5–2 мм) дорад. Аз тухму қаламча зиёд мешавад. Дар тибби халқӣ ҷӯшобаи барги баъзе намудҳои Бӯшаҳрӣ, мас., Бӯшаҳрии зарин (Rh. aureum), Бӯшаҳрии қафқозӣ (Rh. caucasicum), Бӯшаҳрии даури (Rh. dauricum)-ро барои рафъи табларза, дарди сар ва бехобӣ, ҳамчун маводди маҳви бактерияҳо ва давои пешоброн кор мефармоянд. Гули Б. сершаҳд буда, асали он хушбӯй аст. Дар таркиби баъзе анвои Бӯшаҳрии андромедотоксин (родотоксин) ёфт шудааст, ки фаъолияти ҳуҷайраҳои мағзи сарро фалаҷ месозад.

Итолиё

Итолиё ё Италия (итол. Italia, номи расмӣ — Ҷумҳурии Итолиё (итол. Repubblica Italiana)) — яке аз давлатҳои тараққикардаи Аврупо мебошад. Ҳамсарҳади мекунад: бо Фаронса дар шимоли-ғарб (масофа сарҳад — 488 км), бо Швейтсария (740 км) ва бо Утриш (430 км) — дар шимол, бо Словения — дар шимоли-шарқ (232 км). Ин чунин сарҳади дохилӣ бо Ватикан (3,2 км) ва Сан-Марино (39 км).

Литсей

Литсей (аз олмонӣ: Lyzeum ← лот. lусеum ← юн.-қад. Λύκειον) — муассисаи таълимӣ. 1) Муассисаи таҳсилоти миёна дар як қатор давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Лотинӣ, Африқо. 2) Дар Русия, то инқилоби соли 1917, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ё олии касбӣ, пеш аз ҳама барои омӯзиши масъулон пешбинӣ шуда буд. 3) Дар Тоҷикистон баъди сазовор гаштани истиқлолият, ҳамчун муассисаи таҳсилоти давлатии ибтидоӣ ва чуқуромӯз фаъолияти худро оғоз кард.

Литсей як намуди нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дар бораи гирифтани маълумоти миёнаи асосӣ ва таълимоти миёнаи умумӣ таъмин менамояд.

Монблан

Монблан (фаронсавӣ: Mont Blanc, итолиёвӣ: Monte Bianco), массиви кухиест дар кӯҳҳои Алпи Ғарбӣ, дар сарҳади Фаронса, Италия ва Швейтсария. Тӯлаш 50 км, баланднаш то 4807 м (нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Алп ва умуман Аврупои Ғарбӣ). Аз гранит, гнейс ва варақсанги кристаллӣ таркиб ёфтааст. Майдонн умунии пиряххо 277 км 2. Пиряхи калонтаринаш Мер-де-Глас (тулаш 15 км). Дар Монблан расадхонаҳои астрономӣ ва метеорологӣ сохта шудаанд. Аз Монблан туннел (11,6 км) мегузарад, ки шоссеи он Франтсия ва Италияро ба ҳам мепайвандад. Монблан ҷои кӯҳнавардист.

Намояндагии табақотӣ

Намояндагии табақотӣ - усули ташкили ҳокимияти намояндагӣ, ки мувофиқи он вакили муассисаи намояндагӣ на ҳамаи аҳолии мамлакат ё қисми ҳудуди онро, балки гурӯҳҳои иҷтимоии пӯшида - табақаро намояндагӣ мекунад, ки аз ин вакилон бевосита интихоб (ё таъин) мегарданд. Намояндагии табақотӣ таърихан аввалин низоми намояндагӣ буд. (дар Аврупои Ғарбӣ якумин монархияҳои намояндагӣ-табақотӣ ҳанӯз дар асри 12 пайдо гардида буданд) ва дар бисёр мамлакатҳои Аврупо то аввали асри XX то ба намояндагии миллӣ ҷойи худро супурдан амал мекарданд. Дар айни вақт намунаи намояндагии табақотӣ, масалан, палатаи лордҳои парлумонӣ Англия мебошад, ки дар он лордҳои меросй ва фардй, дунявй ва рӯҳонӣ, яъне намояндагони дворянҳо ва рӯҳониён ҷаласа мегузаронанд.

Подшоҳии Британияи Кабир

Подшоҳии Британияи Кабир (англ. the Kingdom of Great Britain) — давлат дар Аврупои Ғарбӣ.

Туркия

Туркия (тур. Türkiye), расман Ҷумҳурии Туркия (тур. Türkiye Cumhuriyeti) — давлат, дар Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва қиман (наздики 3 % қаламрав, 20 % аҳолӣ) — дар Аврупои Ғарбӣ. Аҳолӣ — 79,4 млн нафар (соли 2016), масоҳат — 783 562 км². Забони давлатӣ — туркӣ.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид яке аз аркони Созмони Милали Муттаҳид аст, ки мутобиқ ба моддаи 24 Низомномаи СММ вазифаи посдорӣ аз амният ва сулҳи байналмиллалиро ба ӯҳда дорад. Шӯрои Амният ба шумораи 6 мақомоти асосии СММ шомил аст.

Юлий Сезар

Гай Ю́лий Се́зарь (лот. Gaius Iulius Caesar; 13 июл, ё 12 июл соли 100 п.м. ё соли 102 п.м. — 15 март соли 44 п.м.) — яке аз сарлашкарони бузурги Рими Қадим сиёсатмадор ҳукмфармон (диктатор), сарлашкар, нависанда.

Бо ғалабаҳои сершумори худ сарҳади давлати шоҳаншоҳии Римро то соҳилҳои уқёнуси Атлантик ваъсе кард. Фаронсаро зери итоати худ гардонда ба ҷазираҳои Британия ҳуҷумро сар кард. Фаъолияти Сезар, ба фарҳанг ва сиёсати Аврупои Ғарбӣ таъсири калон расонид. сл Гай Юлий Сезар, бо қобилияти бузурги сарлашкарӣ дар мӯҳорибаи ғайринизомӣ ғалаба ба даст оварда ҳокими мутлақ гашт (Pax Romana). Ба қатори Гней Помпей ӯ дар байни ҷомеа давлати Рим ислоҳот ҷорӣ намуд, ки пас аз марги ӯ ин ислоҳотҳо Римро ба давлати шоҳаншоҳӣ оварда расонд. Сезар мехост, ки ҳукмронии ҷумҳуриро марказикунонӣ кунад. Забонҳои нохалаф мегуфтанд, ки ӯ аз паси мансаби шоҳ аст. Аммо Сезар дар ёд дошт аз он нокомиҳои ҳафт шоҳи гузашта ва бо роҳи дигар рафт: ӯ диктатори умрбо шуд. Ӯ мехост ва фармон медод, ки ӯро Сезар гуянд. Куштори у ба ҷангҳои ғайринизомӣ, нобуд шудани ҷумҳурии Рим ва пайдоиши давлати шоҳаншоҳии Рим оварда расонд ва сарвари ин давлати шоҳаншоҳӣ Октавиан Август шуд, ки писархонди Сезар буд.

Дертар бисёр подшоҳон мехостанд номи худро бо номи Сезар пайваст кунанд, яке аз ин гуна номгузорӣ нем. Kaiser («кайзер»).

Қазоқистон

Қазоқистон (қазоқӣ. Қазақстан) — кишварест дар Осиёи Марказӣ ва АвруОсиё. Дар шимол бо Русия, дар шарқ бо Чин, дар ҷанубу ғарб бо Ӯзбекистон, дар ҷанубу шарқ бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нурсултон.

Ҳоланд

Нидерланд (Подшоҳии Нидерланд) (нидерландӣ.. Nederland) — кишваре, ки аз ду қисм иборат аст, яке Аврупои Ғарбӣ ва ҷазираҳои Бонайре, Синт-Эстатиус ва Саба дар баҳри Кариб (инчунин Нидерландҳои Кариб ҳам меноманд). Дар Аврупои Ғарбӣ сарзамини Нидерланд дар соҳили Баҳри Шимолӣ ҷойгир аст (дарозии хати соҳил — 451 км), бо Олмон (577 км) ва Белгия (450 км). Якҷоя бо ҷазираҳои Аруба, Кюрасао ва Синт-Мартен, ки мақоми маъмурии махсус дорад (худидоракунии давлатӣ), Нидерланд ба Подшоҳии Нидерланд дохил ҳастанд. (нидерландӣ.Koninkrijk der Nederlanden). Муомилаи байни воҳидҳои маъмурии подшоҳӣ ба воситаи Хартияи Подшоҳии Нидерланд танзим мешавад, ки он соли 1954 қабул шудааст.

Ҷомеаи иқтисодии Аврупо

Ҷомеаи иқтисодии Аврупо — гурӯҳи муттаҳидаи кишварҳо, ки аз 12 давлати Аврупои Ғарбӣ иборат мебошанд ва дар асоси шартномаи Рим аз соли 1957 таъсис ёфтааст. Ба Ҷомеаи иқтисодии Аврупо (ҶИА) — Белгия, Британияи Кабир, Юнон, Дания, Ирландия, Испания, Италия, Люксембург, Нидерланд, Португалия, Фаронса ва Олмон шомил буданд. Дар доираи ҶИА Иттифоқи ягонаи гумрук созмон дода шуда буд; боҷҳои гумрукй барҳам дода шуданд, тарифи ягонаи гумрук дар муносибат бо кишвари саввум ҷорй шуд, маҳдудиятҳои микдорй дар тиҷорати мутақобила бекор шуда, инчунин созмон додани бозори ягонаи дохилй ба итмом расонида шуда буд. Бо сабаби дохилшавй ба Иттиҳоди Аврупо соли 1993 ҶИА ҳамчун гурӯҳи мустақил аз фаъолият бозмонд.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.