Абдулқодири Гелонӣ

Абдулқодири Гелонӣ (ар. عبد القادر الجيلاني‎, форсӣ: عبد القادر گیلانی‎; Абдулқодир ибни Абусолеҳ Мусо ибни Абдуллоҳ ибни Яҳёи Гелонӣ, маъруф ба Ғавсулаъзам 1077, Гелон, Эрон1166, Бағдод, Ироқ) — мутафаккир, мутасаввиф, асосгузори ҷараёни қодирия.

Абдулқодири Гелонӣ
форсӣ: عبد القادر گیلانی
шайхи тариқати Қодирия
то 1166
Пешгузашта:

Абусаид Муҳарамӣ

Ҷонишин:

Абу Мадян


Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Абдулқодир ибни Абусолеҳ Мусо ибни Абдуллоҳ ибни Яҳёи Гелонӣ

Лақаб:

Муҳйиддин

Санаи таваллуд:

17 март 1078

Зодгоҳ:
Санаи марг:

12 феврал 1166 (87 сол)

Маҳалли марг:
Маҳалли дафн:

Мақбараи Гелонӣ

Кишвар:
Миллат:

араб

Падар:

Абусолеҳ Мусо

Устодон:

Абусаид Муҳарамӣ

Нуфуз:

қодирия

Осор:

Иттилооти иловагӣ

Зиндагинома

Абдулқодири  Гелонӣ дар синни 18-солагӣ ба Бағдод омада аз Абузакариёи Табрезӣ илмҳои маъмули замонашро омӯхт, фиқҳу тасаввуфро бағоят хуб медонист. Таълимоти тасаввуфии ӯ ба мазҳабҳои шофеия ва ҳанбалия наздикӣ дошт. Мутобиқи иттилои маъхазҳо Абдулқодири  Гелонӣ бештар ба воизӣ машғул буда, дар охири умраш гӯшанишиниро ихтиёр намудааст. Каромоти фаровонеро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Осор

Аз Абдулқодири  Гелонӣ мероси гаронбаҳои илмии бисёре боқӣ мондааст, ки асоситаринашон инҳоянд: «Футуҳ-ул-ғайб», «Башоир-ул-хайрот», «Ал-ғаният-ут-толибия», «Ал-фатҳ-ур-раббонӣ ва-л-файз-ур-раҳмонӣ»; «Мулаффазоти қодирия» ва маҷмӯаи номаҳои муаллиф ба унвони «Мактуботу қутб-ил-муҳаққиқин ва ғавс-ул-халоиқ». Тарҷума ва тафсири тоҷикии қавлҳои Шайх Абулмаолӣ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (вафот 1095) низ ба қалами Абдулқодири  Гелонӣ мансуб мебошад.

Пайвандҳо

Китобшиносӣ

Сарчашма


Шаблон:Тасаввуф

Абулҳафси Суҳравардӣ

Абулҳафси Суҳравардӣ Шиҳобуддин Умар ибни Муҳаммад, мулаққаб ба Шайхулислом (1144, Суҳраварди Эрон – 1234, Бағдод) — мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузорони суҳравардия.

Ахбору-л-ахёр фӣ асрори-л-аброр

«Ахбóру-л-ахёр фӣ асрóри-л-абрóр» (ар. أخبار الأخيار في أسرار الأبرار‎), «Хабарҳои некмардон дар баёни асрори накӯкорон») — китоби Абдулҳақ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороӣ (ваф. 1442) дар баёни зиндагӣ ва ҳолату каромати машоихи тариқат.

Баҳоуддини Матту

Баҳоуддини Матту (ар. بهاء الدین متّو‎, мутахаллис ба Баҳо, 1766—1832) — шоир, орифи форсизабони Ҳиндустон.

Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил (форсӣ: میرزا عبدالقادر بیدل‎; 1644, Патна, вилояти Биҳор, Ҳиндустон — 1720, Деҳлӣ) — шоир, насрнавис ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон, яке аз нобиғаҳои назми форс-тоҷик. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд.

Қодирия

Қодирия (ар. القادريه‎) — яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки муассисаш Абдулқодири Гелонист.

бо забонҳои дигар

This page is based on a Wikipedia article written by authors (here).
Text is available under the CC BY-SA 3.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.